Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири навтаъйини Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2019./АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот Рамазон Раҳимзода Имрон Ҳайдарро ба муносибати ба ин мақоми баланд таъйин гардиданаш табрик намуд.
Ҷонибҳо доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, табодули таҷрибаи пешқадам, инчунин ҳамбастагии мақомоти корҳои дохилии ҳар ду давлат дар пешгирӣ ва бартараф намудани ҷиноятҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ содир мегарданд, ибрози андеша намуданд.
Мулоқоти мазкур бо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ анҷом пазируфт.








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид






