«Ёдгор Файзов: «Ҷаноби Олӣ барои мо намунаи барҷастаанд», «Фалак фарҳанги моро то фалак бурд…», — шарҳи матбуоти даврӣ

Октябрь 11, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 11.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  4 октябр дар Кохи Борбад  доир гардид,  дар сархати расонаҳои даврӣ қарор дошт.

Дар  шумораи навбатии  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (08.10.2019, №190) мусоҳиба  бо Раиси Вилояти Мухтори Бадахшон   таҳти сарлавҳаи «Ёдгор Файзов: «Ҷаноби Олӣ  барои мо намунаи барҷастаанд» нашр гардидааст.

«Бекорӣ мушкилоти ҷиддист. Барои ба эътидол овардани  ин вазъ мо аз Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳиш кардем, ки  минбаъд дар Бадахшон ба корҳои сохтмонӣ ширкатҳо ва коргарони маҳаллӣ бештар ҷалб гарданд. Пешниҳоди моро дастгирӣ намуданд. Мутаассифона,  ҷавонони мо дар сохтмон кор кардан намехоҳанд. Аз ин рӯ, тайи ҳашт моҳи соли равон фақат 30 дарсади маблағ аз  худ карда шуд. Ширкатҳои маҳаллӣ ноилоҷ сохтмончиёнро аз дигар минтақаҳои мамлакат  ба кор гирифтанд ва суръати кор пеш рафт. Дар баробари ин, зиёда аз 130 нафарро ба сохтмони НБО «Роғун» сафарбар намудем, вале нисфашон корро партофта, баргаштанд. Инчунин дар Бадахшон барои рушди кишоварзӣ ва чорводорӣ шароити хуб мавҷуд аст, вале мардум ба ин шуғлҳо чандон таваҷҷуҳ надоранд. Парадокс: аз як тараф шикоят аз набудани ҷои кор,  ҳамзамон майли кор кардан надоштан…», — иброз доштааст раиси вилоят Ёдгор Файзов дар ин мусоҳиба.

Ёдгор Файзов дар ин мусоҳиба аз  хуш пазируфтанди ӯ ба ҳайси   раиси  ВМКБ  аз мардуми сарбаланди вилоят изҳори сипос намуда, иброз намудааст, ки «ҳоло ВМКБ мисли дигар манотиқи  мамлакатамон  осудаву ором аст, мардум аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат ҷонибдорӣ мекунанд ва ҳаёти осоишта доранд. Вале аз ин муваффақиятҳое, ки ба даст овардаем, набояд фориғбол шавем, чунки вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза хоҳ — нохоҳ ба суботи давлатҳо таҳдид мекунад. Бинобар ин, барои ҳар яки мо муҳим аст, ки фирефтаи сиёсати таҳмилии бегонагон нашавему дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёнаву таҳаммулгаронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем, чунки ҳар як сухану амалашон таҷассуми ақида, арзишу манфиатҳои миллиамон аст. Бо истифода аз ин фурсат бояд бигӯям, ки Ҷаноби Олӣ барои мо намунаи барҷастаанд. Ман аз кору пайкори Сарвари давлатамон илҳом мегирам ва кӯшиш дорам, ки ба Ватану миллат содиқона хизмат кунам».

Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»  таҳти сарлавҳаҳои «Халтаҳо ва қуттиҳои  полиэтиленӣ. Чӣ гуна зиёни онҳоро коҳиш диҳем?»,  «Меҳргон. Ҷашни фаррухпай омад», «Оинаи хирад ва фазилат», «Дар паноҳи якдигар. Сухан дар бораи давлату миллат меравад», «Шукӯҳу ҷалоли забони тоҷикӣ дар таърих», «Тибби Хатлон. Дастовардҳо зиёданд», «Саҳми соҳибкор»  ва дигар мақолаҳои ҷолиб ба чоп расидаанд.

Мавриди зикр аст, ки  9 сентябри соли 2019 дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба кор даровардани агрегати дуюми неругоҳ бо хабарнигори Шабакаи телевизионии «Ал — ҷазира» — и Давлати Қатар оид ба рушди иқтидорҳои энергетикии Тоҷикистон, аҳамияти иншооти гидроэнергетикии азими НБО «Роғун», таъсири глобалии тағйирёбии иқлим, оқибатҳои манфии он ва тадбирҳои созандаи Тоҷикистон дар ин самт, ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба об дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи олам, қабули қатъномаи СММ барои эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» ва дурнамои ҳамкории минтақавии Тоҷикистон мусоҳиба анҷом доданд.

Мусоҳибаи мазкур    дар саҳифаи аввали Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№120 аз 08.10.2019)  таҳти  сарлавҳаи «Тоҷикистон на танҳо об, балки захираҳои табиию минералии бисёр ғанӣ дорад» ба нашр расидааст.

Аз ҷумла, Пешвои миллат зимни  ҷавоб ба суолҳои ин хабарнигор  чунин иброз намуданд: «Тоҷикистон манбаъҳои нефту газ надорад. Ягона боигарии он захираҳои гидроэнергетикӣ аст. Захира ва имкониятҳои Тоҷикистон зиёда аз 580 миллиард квт/соатро ташкил медиҳад. Вақте Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолият ба даст овард, таъмини аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат бо неруи барқ мушкили асосӣ буд. Солҳои аввал мардумро, қариб ки бо неруи барқ таъмин карда наметавонистем. Иқтисодиёти Тоҷикистон низ мушкилии зиёд дошт. Аз ин сабаб ба рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон рӯ овардем».

Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» таҳти сарлавҳаҳои «581 деҳа дар ҷумҳурӣ қарор оид ба таъсис надоранд», «68 дарсади биноҳои маъмурии шаҳраку деҳот ба таъмир ниёз доранд», «Дар замони муосир касе тарафдори давлати исломӣ нест», «Бэътиноӣ нисбат ба забон гуноҳи нобахшиданист», «Дилро ғамхорӣ мебояд», «Таълифи фарҳанги мукаммалтар зарур аст» ва «Дидор» бо филмҳои мустанад» мақолаҳои таҳлилӣ ба нашр расидаанд, ки як зумра камбудиҳои ҷойдоштаро дар ҷомеа  мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета»   (09 .10.2019, №42)  дар шумораи навбатии худ мавод  оид ба  иштирок ва суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ  бахшида  ба Иди забони давлатиро нашр намудааст.

Ҳамзамон мавод бахшида ба Иди забон «Таджикский язык – основа существования нации» ва «Первый Центр  таджикского языка  и культуры за рубежом»  рўи чоп омадаанд.

Дар ин шумора маводи бо сарлавҳаҳои  «Большой ферганский канал – плод дружбы таджикского и узбекского народов», «СЭЗ «Дангара»: уверенные шаги», «Визит группы послов ОБСЕ в Республику Таджикистан», «Душанбе  — столица туризма» рӯи  чоп  омадаанд.

Инчунин дар ин шумора  мавод бахшида ба Рӯзи Фалак «Такое не забывается» ва «Фалак  — древний музыкальный жанр»,   «Быть 12 –классником не легче» нашр гардидаанд.

Дар шумораи навбатии   Нашрияи КИ ҲХДТ «Минбари халқ» (№41 аз 9 октябри соли 2019)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ таҳти сарлавҳаҳои зерин матолиби ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагон гардидаанд: «Тафаккури дунявӣ реша дар фарҳанги миллӣ дорад», «Забонро забонат бубухшид тавон», «Сиришти ёдҳо», «Нахустин синамобазми байналмилалии филмҳои  мустанади «Дидор»  ва ғайраҳо.

Дар ин шумораи «Минбари халқ» таҳти сарлавҳаи «Чанд андеша перомуни нишсти САҲА, дар ҳошияи «Мазҳакаи илоҳӣ»   мулоҳизаҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Мӯистон Азизова  ба нашр расидаанд.

Муаллиф, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Беҳуда нагуфтаанд, ки гови беширро овозаш баланд аст. Бисёриҳо  шоҳиди он буданд, ки ҷонибдорони «Паймони миллӣ» чӣ гуна атрофи баҳсҳои ин нишаст шӯру мағал барпо намуда,  худро «доно»  тарошида, намояндагони  Ҳукумати Тоҷикистонро паст мезаданд. Яқинан, нишасти Варшава аз ҷониби мухолифин мазҳакаеро мемонд».

Нашри нави (№38, чоршанбе, 9.10.2019)   ҳафтаномаи «Мароми пойтахт»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри  Душанбе  дар бахши расмӣ маводи вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли зиёи мамлакат дар Кохи Борбад, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ доир гардида буд, фаро гирифта, бо мусоҳибаи Пешвои миллат бо хабарнигори шабакаи  телевизионии   «Ал-Ҷазира» -и Давлати Қатар доир  ба   иқтидорҳои   энергетикии    Тоҷикистон, аҳамияти  иншооти  гидроэнергетикии   азими   «Роғун»  идома меёбад.

Дар ин шумора ҳамчунин аз  рафти баргузории чорабиниҳо таҳти унвони  «Душанбе – пойтахти сайёҳии кишварҳои  Созмони  Ҳамкории Иқтисодӣ»  ва «Аввалин Форуми  ҷумҳуриявии  занон  дар   Тоҷикистон»   хабарнигорони   нашрия  гузоришҳо омода кардаанд.

Бахшида ба рӯзи Фалак, ки ҳамасола дар  мамлакат  10 октябр баргузор мегардад, хабарнигори нашрияи «Мароми пойтахт» бо номи «Фалак фарҳанги   моро  то   фалак   бурд…» маводи ҷолиберо пешниҳоди хонандагон гардонидааст.

Таърих гувоҳ  аст, ки шоирони  бузург  ҳамеша доираҳои адабии гуногунро дар сатҳи  минтақа, кишвар  ва     музофот роҳбарӣ    намуда, шоирони зиёдеро дар атрофи худ ҷамъ овардаву ба камол расонидаанд. Шоир Ашӯр  Сафар  низ  аз   ҷумлаи   шоиронест, ки  доираи  адабии Хатлонро сарварӣ   кардаааст ва   мақолаи  «Сорбони корвони адабии Хатлон», ки дар ин шумора ба нашр расидааст, дар ин бора ҳикоят мекунад.

«Фарбеҳӣ ва  оқибатҳои  нохуши  он»  аз ҷумлаи матлабҳои  дигарест, ки сабабу омил ва пайомадҳои ин  бемориро   шарҳ медиҳад.

Ҳамзамон хонандагони нашрия имкон доранд матолиби дигарро, ки  масъалаҳои муҳими ҷомеаро ба риштаи таҳлил кашидаанд,     дар  ин шумора мутолиа  намоянд.

Рухсораи НУР,
      АМИТ «Ховар»

Октябрь 11, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд