ЗАБОНЕ БО ФАЗИЛАТИ ҶАҲОНГИР. Чакомаи муҳаббати Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 4.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, дар мамлакат бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Тоҷикистон тадбирҳои зиёд, аз ҷумла ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ доир карда мешаванд. Дар ин ҳамоишҳо масъалаҳои муҳими марбут ба забоншиносии муосир баррасӣ гардида, олимони забоншинос маърӯзаҳо ироа мекунанд, шоирон шеъру қасидаҳои худро қироат менамоянд.
Дар зер чакомаи муҳаббати Камол НАСРУЛЛО, ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакиро дар васфи забони тоҷикӣ манзури хонандагон мегардонем.
Забони ман! Забони модари ман! Забони модарии ман!
Забоне, ки бо покии шири сафеди модарам вориди шараёнҳои вуҷудам гардидаӣ! Забоне, ки ҳанӯз дар батни модар туро бо сурудҳои ҷонгудози модар, бо аллаҳои саршори меҳру муҳаббат, бо лаҳни лабрези самимият ва фурӯғи армонҳои бузурги инсонӣ шунидааму ба ту ҷовидонӣ дил бастаам, то бидуни ту ҳастии худро тасаввур наметавонам кард!
Забоне, ки ба оҳангҳои дилнавозу рӯҳбахши суруди модар сомеъаи маро саршори таронаҳои ҷонбахшу офаринанда ва торҳои пайкари маро ҳамнавои суруди меҳру муҳаббати азалӣ намудаӣ!
Ман туям! Ту манӣ! Мо намою сафои ҳамдигар, мадору иқтидори ҳамдигар, неруву ифтихори ҳамдигар ва ҷилою бақои ҳамдигар ҳастем!
Мо зиндаем бо ҳамдигар! Ту, ки чун ҷон дар вуҷуди ман будаӣ, маро зинда доштаӣ; ман, ки ҷисми чу ҷавшани ту будаам, туро зинда доштаам! Бале, ҳама дороиҳои худ, ҳама молу амвол ва сарватҳои бебаҳоямро додаву туро дар баҳояш зинда доштаам! Мо ҳамдигарро ҷоннисорона ҳифз кардаем ва ба шарофати садоқати ҳамдигар аз байни обу оташ, тӯфони марговари асрҳои хунрезу дунёи бераҳм зинда гузаштаем ва ба имрӯз расидаем.
Воқеан, дар китоби муқаддас бамаврид фармуда, ки аввал калом буд ва калом Худо буд. Ва ту Худои манӣ, маро офаридаӣ, то ман туро дар худ ҳифз кунаму муқаддас дорам! Ва ман низ туро ба лаҳни худ офаридаам ва ҳама умр посбону посдори ту хоҳам буд, то ба абадият!
Воқеан агар ту ҷон намебудӣ, чӣ гуна зинда мебудам?
Забони модарии ман! Ту ҳамеша барои ман ширину лазизу гувороӣ! Чаро ки модарам туро вожа-вожа чун қанду асал ба коми ман ниҳодааст!
Ту ҳамеша алайҳи ҳама ғаму ғурбатҳо маро подор хоҳӣ дошт, зеро сириштаи меҳру муҳаббати дурахшони модари манӣ; дар сабру таҳаммули беназираш гудохта шудаӣ; огандаи ширинтарин ва баландтарину самимитарин армонҳояш ҳастӣ!
Дурахши ту ҳамеша бо ман аст! Ту ҳамеша рӯшании дили ману ҷодаҳои зиндагии манӣ, зеро модарам вожа-вожа бо ту фурӯғи ишқу муҳаббати худро вориди вуҷуди ман намудааст!
Забони модарии ман! Аввал гуле, ки пеши чашмонам шукуфон шудааст, ту будаӣ! Ту будаӣ, ки ҷилову дурахши ҳама рангҳоро ба ман бо алфози шукуфони модар ҳадя намудаӣ!
Аввал мусиқие, ки бо он Худованд бар вуҷуди инсон ҷонро ворид намудааст, навои ту будааст, ки бо суруди модар шунидаам ва ҷон ёфтаам!
Забони модарии ман! Ту саросар эъҷозӣ! Ин эъҷози туст, ки баъд аз ҳазорон сол аз миёни ин ҳама вақту фазои пурғубори таърих гузашта, заррае ғуборе бар худ нагирифтаӣ, ончунон поку мубарро мондаӣ! Каломи шариф ва мондагори Одамушшуаро, устод Рӯдакӣ пас аз ҳазору анд сол ҳамон гуна зебову шевову мусаффост, ки будааст ва бидуни ягон лакнат, бе ягон осеб ба ман расидааст, ки ин падидаест дар ҷаҳон беназир!
Ин эъҷози туст, ки баъд аз ҳазору анд сол ту боз ҳам имрӯзиӣ ва чун ҳазор сол пеш садо медиҳӣ! Абёти устод Рӯдакӣ асрҳои аср ҳамарӯза вирди забон будаасту имрӯз ҳам вирди забон аст, ҳазору анд сол бар дарду ҳоҷати мардум расидаасту имрӯз ҳам ба дарду ҳоҷаташ мерасад. Аммо чаро заррае дилбазан нагардидааст, аммо чаро имрӯз ҳам ба дарди мардум мехӯрад ва метавон онро дар пештоқи ҳама асрҳо, ҳама биноҳо, ҳама кишварҳо абадӣ чун шиори инсоният сабт кард?!
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Ва ман аминам, ки боз ҳазору анд соли дигар чунин тозаву тар хоҳад монд, ба дарди мардум хоҳад хӯрд ва ҳоҷати мардумро хоҳад баровард. Ин эъҷози туст, забони муқаддаси модарии ман!
Бузургони гузашта туро забони аҳли биҳишт номидаанд! Чаро? Зеро бо ин ҳама назокат, бо ин ҳама фазилат, бо ин ҳама дурахши меҳр, бо ин ҳама покию порсоӣ, чӣ забоне забони аҳли биҳишт метавонад буд, агар ту набошӣ?! Агар ту набошӣ, эй забони ишқ, забони шеър, забони илму ҳунар ва ҳикматҳои беназир?! Забоне, ки бо шуниданаш табъҳо биҳиштӣ мешаванд!
Ин эъҷози туст, ки баҳрро дар кӯза гунҷондаӣ! Ин эъҷози туст, ки офтоберо дар қатра ҷо додаӣ! Ин эъҷози туст, ки бузургонро пилла-пилла то мулоқоти Худо бурдаӣ!
Забони модари ман, забони модарии ман!
Ман ифтихор мекунам, ки ту забони нобиғагони ҷаҳон будаӣ! Забони Одамушшуаро Устод Рӯдакӣ, забони Ҳаким Фирдавсӣ, забони Ҳаким Низомӣ, забони Шайхулраис Абӯалӣ Сино, забони Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, забони Ҳаким Умари Хайём, забони Шайх Саъдӣ, забони Шайх Камоли Хуҷандӣ, забони Лисонулғайб Хоҷа Ҳофиз, забони Мавлоно Ҷомӣ, забони Абулмаонӣ Бедил… ва даҳҳои дигар, то ҳадде, ки наметавон ҳамаро ном бурд!
Забони модари ман, забони модарии ман!
Навозиши алфози ҷонбахшои ту оромише ба ҷони ҳазоронсола хастаам мебахшад! Шираи алфози осмонии ту дубора неру ба ҷисму ҷони ҳазоронсола дар набардам медиҳад! Вожаҳои биҳиштии нурофар ва фараҳбахшат раҳи маро ба сӯи асолати инсониям ҳамеша мунаввар медоранд!
Нахустин мусиқии маъноро дар оҳанги вожаҳои ту шунидаам!
Нахустин сафою таровати обҳои Ватанро дар зулолии поки лафзи равонат чашидаам!
Бори аввал акси воқеии худро дар оинаи беғубору мусаффову дилкушои ту дидаам!
Туӣ он оинаи ҷаҳоннамо, ки ҳама хираду фарҳангу сиришти поки инсонҳо, андешаву маънавиёти башар, армонҳои одамизодро чунин хуҷаставу диданиву муҷалло инъикос бахшидаӣ!
Ман ифтихор мекунам, ки бузургони миллати ман туро забони шеър, забони илм, забони панду андарз, забони ишқу муҳаббат, забони сулҳу дӯстӣ ва ҷавонмардиҳо намудаанд!
Дуруд ба меҳр ва оромиш, ба покӣ ва порсоӣ, ба ростӣ ва фазилат, ба дурахши бегазанди ту, ки моро аз неруҳои сиёҳ, аз душманиву бадӣ, аз торикиҳо муҳофизат мекунад! Ҳар вожаи бахайри дурахшони ту тӯмори дилу ҷони бегазанди мо будаасту хоҳад буд!
Забони модарӣ, забони модарӣ, забони модарӣ.., ман бо ҳар вожаи нобат, ки нури худовандию хуршедӣ, нури адолату хирад бо худ мебарад, калима мегардонам! Калима мегардонам, то фурӯғи биҳиштии ту маро аз газандҳо эмин дорад!
Забони модари ман, забони модарии ман!
Чӣ эъҷозе дорӣ, ки дар вожагонат хуршеду ситорагон дурахши хосса доранд! Чӣ сеҳре дорӣ, ки аз умқи мусаффои вожагонат чашмаҳову рӯдҳои зулолу мусаффо ҷориянд! Чӣ лутфе кардааст Худованд, ки аз алфози биҳиштият садои андалебу булбул, мурғи ҳилолу кабки дарӣ, навои мурғакони биҳиштӣ ба гӯш мерасанд ва ҳар вожаи тару тозаат саршори тароватҳост, накҳати ҳулбаву райҳон, бунафшаву садбаргу ёсуман ва ҳазору як гулу гиёҳи шифобахш дорад!
Бузургони мо тавассути ту ишқро симову ҷилову маъно бахшидаанд! Ишқро ба пояҳои баландтарини фитрат бардоштаанд! Ишқро хуршеди безаволе кардаву дар осмони синаҳо шаъшаъарез сохтаанд, то инсоният дар партави мунаввари он роҳ ба асолат ва абадият биёбад!
Забони модари ман, забони модарии ман!
Чӣ хушкомам ман, ки қанду асали туро ҳар субҳ дар ком дорам!
Чӣ хушбахтам, ки нури фазилати ту дар дидагонам, дар дилу ҷонам ҳамеша фурӯзон аст!
Чӣ хушрӯзам, ки дар ҳолаи поку рангину бахайру пуртаровати ту рӯз ба сар мебарам!
Чӣ хушбахтам, ки дар ойинаи пурсафою покизаат ҳар субҳ симои хешро мебинам!
Чӣ шодмонам, ки ҳар субҳ гули саломатро ба одамон тақдим мекунаму ба хона даста – даста гулҳои тақдимшудаи каломатро меорам ва ин гулҳо дар гулдони дили ман ҳамеша бо накҳати ҷонбахшу фараҳи нишотбахш тару тоза мемонанду ба ман як ҷаҳон муҳаббат мебахшанд.
Забони модари ман, забони модарии ман!
Назари неку хайрбахшои Худованд ба халқи ростманишу некбунёди ман дар анвори дурахшони ту пайваста муҷаллост!
Ту бо манӣ, яъне хираду фазилату адолат бо ман аст! Ту бо манӣ, яъне муҳаббат бо ман аст! Ту бо маниву нигоҳи Ҳақ бо ман аст! Ту бо манӣ, яъне ман бо ту безаволам!
Эҳёи тозаат баъд аз ҳазорон сол муборак бод, эй каломи минуӣ, эй хуҷаставу безавол, эй забони муқаддаси модарии ман!
Равшангари ҷону ҷодаҳои мо,
Пайғамбари моӣ ё Худои мо!
Алфози бузурги модарии ман,
Бунёдгари ману бақои мо!
Камол НАСРУЛЛО
ЗАБОНИ МИЛЛАТИ ВОЛОГУҲАР
Эй забони илму фарҳангу ҳунар!
Эй фурӯғи миллати волоназар!
Бо манӣ чун нусрату файзи саҳар,
Бо манӣ чун махзани ганҷу гуҳар!
Эй забони тоҷикон эҳсони ман!
Ҷовидонӣ шӯъла зан дар ҷони ман!
Ман туро дар тан чу ҷонам доштам,
Чун тилисме дар равонам доштам,
Ҳамчу фар дар остонам доштам,
Ҳамчу обам, ҳамчу нонам доштам.
Эй забони тоҷикон –армони ман!
Вожа-вожа нури хайр, эҳсони ман!
Ҳарф – ҳарф андарзу пандӣ дар забон,
Вожа –вожа мисли қандӣ дар даҳон!
Эй зулоли шири поки модарон,
Бегазанду арҷмандӣ дар ҷаҳон!
Эй забони тоҷикон, уммеди ман!
Нури оламгири ман, хуршеди ман!
Чун ниёиш дар суруди ман туӣ!
Пайку пайғому дуруди ман туӣ!
Дасти эҳсон, асли ҷуди ман туӣ
Ҳуҷҷати асли вуҷуди ман туӣ!
Эй забони тоҷикон –армони ман!
Вожа-вожа нури хайр, эҳсони ман!
Мисли тӯмори балогардони мо,
Будаӣ дар лобалои ҷони мо,
Эй дурахши ҳиммату эҳсони мо,
Эй фурӯғи нанги мо, имони ман.
Эй забони тоҷикони покҷон!
Зинда мон, чун ҷони миллат, зинда мон!