Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Рӯзҳои муштараки фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ доир карда шаванд

Ноябрь 30, 2019 11:48

ДУШАНБЕ, 30.11.2019 /АМИТ «Ховар/. Дар вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Рӯзҳои муштараки фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ гузаронида шавад, — хабар медиҳад ТАСС.

Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ  ва варзиш изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Сарвари Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки тавсеаи робитаҳо миёни марказҳои илмию таълимӣ ва доираҳои эҷодии кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст.

Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ҳамасола дар кишваре, ки дар он Шӯрои машваратии навбатӣ баргузор мегардад, Рӯзҳои муштараки фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки барномаи минтақавии мубодилаи байнидонишгоҳӣ ва илмӣ, гузаронидани конфронсҳои муштараки илмию амалӣ, семинарҳо, тадқиқотҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои мубрами минтақа таҳия карда шавад.

Қаблан, Президенти аввалини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешниҳод намуда буд, ки 15 март ҷашни нав — Рӯзи Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

             АКС: сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2019 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон