ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Сокинони маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб барои рафтуо пули пиёдагузар сохтанд
ДУШАНБЕ, 13.11.2019/ АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои сохтмониву ободонӣ бомаром идома доранд. Давоми се соли минбаъда бояд дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар якҷоягӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода 11 ноябр як зумра иншооти навтаъсисро, ки дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб бунёд гардидаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, нахуст бинои дуошёнаи “Суратгирхонаи ҷавонон”, ки аз ҷониби соҳибкор Саидкарим Шокиров бо маблағи беш аз 270 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, аз ҷониби Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ гардид. Дар ошёнаи якуми бинои мазкур суратгирхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дар бинои дуюм коргоҳи хурди дӯзандагӣ таъсис дода шудаанд. Хизматрасонӣ дар бинои навтаъсис барои ятимон ва ҷанговарони башардӯст ройгон ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар бинои мазкур 12 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Ҳамчунин дар дохили Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб қаҳвахона, ки дар он барои мизоҷон таомҳои тезтайёр омода карда мешаванд, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар баробари ин пули пиёдагузар барои рафтуои сокинони ду маҳаллаи болои сойи Тебалай, ки аз ҷониби сокинони маҳаллаи Чармгарони поён сохта шудааст ва ҳатто нақлиёти хурд низ метавонад аз болои он гузарад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Минбаъд сокинон, бахусус хонандагон метавонанд дар ҳама фасли сол тариқи ин пул равуо намоянд.
Баъдан дар маҳаллаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб бинои дуқабатаи ҳаммоми “Румайсо”, ки аз ҷониби соҳибкор Акмал Бобоев сохта шудааст, ифтитоҳ гардид. Ҳаммом дорои 2 ҳавзи шиноварӣ буда, аз ҳуҷраҳои умумӣ ва алоҳида иборат аст. Он дар як вақт метавонад то 40-45 нафар мизоҷро қабул намояд.








Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд






