Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии Самара барои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2019. /АМИТ Ховар/. Ҳангоми сафари ҳайати Донишгоҳи Самара ба Душанбе, ки 26 ноябр ба охир расид, Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии Самара ба номи академик С.Королёв ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Институти физика ва технологияи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба санад Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва иҷрокунандаи вазифаи ректори Муассисаи федералии давлатии мухтори таҳсилоти олии «Донишгоҳи миллии тадқиқотии Самара ба номи академик С.Королёв» Владимир Богатирёв имзо карданд.
«Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши робитаҳои дарозмуддат ва ҳамаҷонибаи илмию маърифатӣ, фарҳангӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимод дар соҳаҳои барои ҷонибҳо ҷолиб ва бар пояи манфиатҳои мутақобила судманд изҳор доштанд»,- гуфт манбаъ.
Ҳадафи мусоҳибон ба мусоидат дар таҳия ва рушди барномаҳои муштараки илмӣ ва таълимӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос, инчунин ташкили мубодилаи илмӣ ва академӣ равона шуда буд.
Дар доираи Протоколи баимзорасида оид ба ҳамкорӣ, хидматҳои мутақобилаи иттилоотӣ ва машваратӣ дар соҳаҳои маориф, илму техника ва фарҳанг, ташкил ва баргузории форумҳо ва конфронсҳои муштараки байналмиллалӣ ба таври мустақим ва онлайн, мубодилаи таҷриба дар ташкил ва баргузории омӯзиш таъмин карда мешаванд. Инчунин раванди мубодилаи муттасили профессорону омӯзгорон, докторантҳо ва аспирантҳо, ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ барои мутахассисони табиатшинос, олимон ва муаллимон ба роҳ монда мешавад.
Бояд зикр кард, ки барои ҳайати Самара барномаи фарҳангӣ низ ташкил карда шуд. Меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Қалъаи Ҳисор ва дигар ёдгориҳои таърихию тамошобоб дидан карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Донишгоҳи миллии тадқиқотии Самара ба номи академик С.Королёви Федератсияи Россия 23 ноябр барои баргузор кардани гуфтушуниди корӣ ба Тоҷикистон омада буд.








Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд






