АВВАЛИН ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Он дар Осорхонаи миллӣ таҳти № 128-23/2 ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 24.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аввалин парчаме, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ҳифз гардидааст. Ин парчам бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2007 дар рӯзҳои таҷлили 15-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.
Яке аз муҳимтарин ниҳодҳои фарҳангие, ки дар ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллии тоҷикон нақши басо муҳим дорад, Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Инак тӯли 27 сол аст, ки ин парчам бо андозаи 145 ба 85 см дар шуъбаи таърихи нав ва навтарини толори «Истиқлолият»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон манзури тамошобинон гардидааст. Ҳар як ёдгорӣ дар осорхона санаи қайд ва рақами махсуси худро дорад ва ин парчам таҳти№ 128-23/2 ба қайд гирифта шудааст.
Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хосса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад.
Сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зариф ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «ҳар як давлату миллат дорои нишонаҳо ва муқаддасоти хоси худ мебошанд. Яке аз ин муқаддасоте, ки таҷассуми симои миллии давлат аст, парчам мебошад. Мардуми тоҷик низ ҳамчун миллати куҳанбуёд аз замонҳи қадим соҳиби парчами худ буд. Таърих гувоҳ аст, ки аввалин Империя дар таърихи давлатдории форсу тоҷик- Империяи Ҳахоманишиҳо (асрҳои 6-4 то милод), ки асосгузори он Куруши Кабир буд, парчами хоси худро дошт. Дар қисмати болоии он моҳ ва гунбази заррин тасвир ёфта, дар қисмати марказиаш уқоби болкушода тасвир шудааст, ки ин рамзи озодӣ ва ҷасурии ин империяро инъикос менамуд».
Ба андешаи Алишер Зариф, «дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асрҳои 5-8 мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро метавон мушоҳида кард. Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафар аз онҳо парчамҳои зардранги сегӯша дида мешаванд.
Ин ва дигар тасвиру нишонаҳо бар он далолат мекунанд, ки тоҷикон аз замонҳои қадим парчами хоси худро доштанд».
Таърих гувоҳ аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзую мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд. Парчам муттаҳидкунандаи миллат буда, имрӯз мардуми тоҷик меҳру муҳаббати худро нисбат ба парчами давлатӣ дар шеъру суруд ва дигар офаридаҳояшон таҷассум мекунанд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода иброз дошт, «Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд. Аввалин Парчами қадимии тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории Ориёро нишон медод».
-Парчами давлатӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару роҳнамои мардуми мамлакат ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад. Парчами давлатӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду бофарҳанги мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст,-изҳори назар кард Фаридун Кенҷазода.
Зикр гардид, ки дар баробари ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии тоҷикон, инчунин дар толори «Давлатдории Ҳахоманишиён»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон намунаи «Парчами давлатдории Ҳахоманишинён» ва дар толори «Давлатдории Сосониён» намунаи «Дирафши Ковиён» ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар як тамошобин аз ин ёдгориҳо метавонад дидан намояд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат толори махсус созмон дода шудааст, ки дар он муҳимтарин арзишҳои замони соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар гӯшае, ки ба иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бахшида шудааст, аз ҷумла нахустпарчами тоҷикон, ки 24 ноябри соли 1992 қабул гардида буд, ба намоиш гузошта шудааст. Ба иттилои масъулин, ҳамарӯза садҳо тамошобинони ватаниву хориҷӣ аз он дидан менамоянд.
Бояд гуфт, ки инъикоси Парчами давлатӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани ҳисси баланди миллӣ ва ғуруру ифтихори ҷавонон нақши арзанда дорад.
Зеро он рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»