Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии пойтахт ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор мегарданд

Ноябрь 8, 2019 17:10

ДУШАНБЕ, 08.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 8 ноябри соли равон то 4 июни соли 2020 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст, бо иштироки олимону коршиносон ва равоншиносону мутахассисон дар муассисаиҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии мамлакат, ки дар  пойтахт  фаъолият менамоянд, ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор мегарданд.  Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии нахустини ҳайати корӣ имрӯз — 8 ноябр  бо ташаббуси мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе бо иштироки доираи васеи муҳассилину унвонҷӯён ва омӯзгорону устодон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур   масъалаҳои ташаккули  тарзи ҳаёти солим, ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондўстӣ, ҳифзи солимии маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки  икдоми мазкур бо мақсади  иҷрои   бандҳои марбутаи  нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 роҳандозӣ мегардад.

Ноябрь 8, 2019 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд