Чемпионати ҷаҳон-2019: Тоҷикистон барои ба даври дигар баромадан имкон дорад

Ноябрь 1, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дуюмаш дар Чемпионати  ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия аз дастаи мунтахаби наврасони Испания бо ҳисоби калони 1:5 мағлуб гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, футболбозони навраси Испания дар нимаи аввали дидор дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоевро маҷбур карданд, ки чаҳор бор тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад. Ҳар чор гол аз масофаҳои наздик, аз ҷаримагоҳи  дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвоза ворид шуд. Герман Валера дар дақиқаи 4  ҳисобро боз кард. Голи дуюмро Роберто Наварро дар дақиқаи 20   ба ҳадаф  расонид. Голи сеюмро Пабло Морено дар дақиқаи 35-ум зад. Голи чаҳоруми испаниҳо ба Давид Ларрубиа (45+1) марбут аст.

Бозингари  дастаи мунтахаби наврасони Испания Алваро Каррилло дар дақиқаи 37-уми дидор тӯбро ба дарвозабони дастааш равона кард, вале ӯ онро дошта натавонист ва тӯб вориди дарвоза шуд. Ҳамин тариқ, нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 4:1 ба нафъи дастаи мунтахаби наврасони Испания ба поён расид. Дар нимаи дуюми дидор низ испаниҳо барои голзанӣ имконияти зиёд доштанд. Дар дақиқаи 64-ум ба Роберто Наварро муяссар шуд, ки голи панҷуми даста ва голи дуюми худро дар ин бозӣ ба ҳадаф расонад. Испаниҳо барои задани голи шашум ҳам кӯшиш карданд, вале тӯб баъди зарба ба тири дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бархӯрд.

Ба ин тартиб, ин бозӣ, ки комилан бо бартарии футболбозони навраси Испания сурат гирифт, бо пирӯзии барандаи медалҳои нуқраи чемпионати ҷаҳон ва қаҳрамони Аврупо бо ҳисоби калони  5:1 хотима ёфт.

Зимнан, ба ҳайати дастаи  мунтахаби наврасони Испания бозингароне дохиланд, ки дар бошгоҳҳои машҳури футболи Аврупо бозӣ мекунанд. Вале футболбозони навраси тоҷик дар бозӣ ба муқобили рақиби пурзӯру моҳирашон натавонистанд муқобилият нишон диҳанд ва то охири бозӣ ба худ наомаданд. Беҷуръатӣ, аз рақиб ҳаросидан ва тан додан ба шикасти худ мунтахаби Тоҷикистонро ба нокомӣ бо ҳисоби калон мувоҷеҳ кард.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов баъди анҷоми бозӣ бо мунтахаби наврасони Испания гуфт, ки «мо мақсад доштем бозиро мусовӣ кунем, вале нашуд. Дастаи мунтахаби наврасони Испанияро хуб омӯхта будем, вале бачаҳо муқобилият карда натавонистанд. Испаниҳо ниҳоят босуръат бозӣ карданд».

Дар бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи «Е» дастаи мунтахаби наврасони Аргентина бар дастаи мунтахаби Камерун бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуд.Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври дуюм дар гурӯҳи «Е» дастаҳои мунтахаби Испания ва Аргентина чаҳоримтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо  дастаи мунтахаби Испания ҷойи аввал ва мунтахаби Аргентина ҷойи дуюмро касб намудаанд. Дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо се имтиёз дар ҷои сеюм қарор дорад. Дастаи мунтахаби Камерун бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  бозии дуюми   дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ 3 ноябр (01:00, 4 ноябр бо вақти Душанбе) дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», бо  дастаи мунтахаби Аргентина доир мешавад.

Бозии дигари гурӯҳи «Е» миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Испания ва Камерун 3 ноябр, соати 17:00 (01:00, 4 ноябр бо вақти Душанбе) оғоз меёбад. Дар гурӯҳи «Е» соҳибони роҳхатҳо ба марҳилаи баъдӣ пас аз бозиҳои даври охирин маълум хоҳанд шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз имконияти ба ҳаштякфинал баромаданро дорад. Дар Чемпионати  ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия то 17 ноябр идома хоҳад кард, 24 даста ба 6 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, ҳамчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм ба марҳилаи баъдии чемипонатии  ҷаҳон-2019 роҳ пайдо мекунанд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюм дастаҳои мунтахаби наврасони Бразилия, Ангола (аз гурӯҳи «А»), Нигерия (аз гурӯҳи «В»), Фаронса (аз гурӯҳи «С»), Сенегал (аз гурӯҳи «D») ва Италия (аз гурӯҳи «F») пешакӣ ба марҳилаи ҳаштякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола роҳ пайдо кардаанд.

Хотиррасон мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2007 дар чемпионати  ҷаҳон, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, то ҳаштякфинал роҳ ёфтааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразилия:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳар ду аз «Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Ҳимоятгарон: Исроил Холов, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарифов, Меҳробҷон Азимов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Умедҷон Холиқов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарчор аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ — Зайниддин Раҳимов.

Чемпионати ҷаҳон-2019 миёни наврасон (U-17)

Гурӯҳи «Е»

Бозиҳои даври 1-ум

Тоҷикистон Камерун 1:0

Гол: Шарифбек Раҳматов, 51 – аз пеналтӣ.

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев (Ҳамадонӣ Камолов, 46), Нидоёр Забиров (Рустам Соиров, 46), Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев (Эмомалӣ Аҳмадхон, 90+4), Шоҳрух Сангов, Шарифбек Раҳматов, Ислом Зоиров.

Аз бозӣ ихроҷ шуд: Шуҳрат Элмуродов (Тоҷикистонн), 72 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Ник Уолдрон (Зеландияи Нав).

28 июл. Кариасика. Варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade». 5934 тамошобин.

Бозиҳои даври 2-юм

31 октябр (панҷшанбе)

Испания – Тоҷикистон – 5:1

Голҳо: Герман Валера, 4 (1:0), Роберто Наварро, 20 (2:0), Пабло Морено, 35 (3:0), Алваро Каррилло, 37 – ба дарвозаи худ (3:1), Давид Ларрубиа, 45+1 (4:1), Роберто Наварро (5:1).

Аргентина – Камерун – 3:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

 

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 Испания 2 1 1 0 5-1 4
2 Аргентина 2 1 1 0 3-1 4
3 Тоҷикистон 2 1 0 1 2-5 3
4 Камерун 2 0 0 2 1-4 0

Бозиҳои  даври 3-юм

3 ноябр (якшанбе)

Оғози бозҳо – соати 17:00

Аргентина – Тоҷикистон

Испания — Камерун

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Бразилия.

Бозиҳои даври 3-юм

3 ноябр (якшанбе)

Оғози бозҳо – соати 17:00

Аргентина – Тоҷикистон

Испания — Камерун

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Бразилия.

Ноябрь 1, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд