Чемпионати ҷаҳон-2022: Тоҷикистон моҳи ноябр бо дастаҳои мунтахаби Мянма ва Қирғизистон рақобат мекунад
ДУШАНБЕ, 12.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи рақобатҳои даври 5-уми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Мянма қувва месанҷад. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Баъдан шогирдони Усмон Тошев аз шаҳри Янгони ба шаҳри Бишкек барои анҷом додани бозии навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Қирғизистон сафар мекунанд. Ин вохӯрӣ 19 ноябр, соати 19:00, бо вақти Душанбе дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бар дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда, аз дастаи мунтахаби Япония бо ҳисоби 0:3 мағлуб гаштааст.
Дастаи мунтахаби Япония ба ҷуз аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии дигар дастаи мунтахаби Мянмарро бо ҳисоби 2:0 ва дастаи мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст додааст.
Ба ин тартиб, футболбозони Япония, ки бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «F» мақоми аввал касб намудаанд, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи сеюми мусобиқот мебошанд.
Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Дастаи мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Футболбозони Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудаанд.
Дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат доранд. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондиҳандаҳояшон хубтари ҷойҳои дуюм ба марҳилаи сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳо бо дастаҳои мунтахаби Мянмар ва Қирғизистон:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Фарҳод Восиев («Нефтехимик», Россия), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳарсе аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев («Бухоро», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Кӯктош»);
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе бошгоҳ).
Сармураббӣ – Усмон Тошев.
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 3-юм
10 октябр (панҷшанбе)
Япония 6:0 Муғулистон
Қирғизистон 7:0 Мянмар
Даври 4-ум
15 октябр (сешанбе)
Тоҷикистон 0:3 Япония
Муғулистон 1:2 Қирғизистон
Даври 5-ум
14 ноябр (панҷшанбе)
Мянмар – Тоҷикистон
Қирғизистон – Япония
Даври 6-ум
19 ноябр (сешанбе)
Қирғизистон – Тоҷикистон
Мянмар – Муғулистон
Даври 7-ум
26 марти соли 2020 (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Муғулистон
Япония – Мянмар
Даври 8-ум
31 марти соли 2020 (сешанбе)
Муғулистон – Япония
Мянмар – Қирғизистон
Даври 9-ум
4 июни соли 2020 (панҷшанбе)
Япония – Тоҷикистон
Қирғизистон – Муғулистон
Даври 10-ум
9 июни соли 2020 (сешанбе)
Тоҷикистон – Мянмар
Япония – Қирғизистон
Марҳилаи интихобӣ, ки 5 сентябри имсол шурӯъ шуд, 9 июни соли 2020 ба поён мерасад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондиҳандаҳояшон беҳтари ҷойҳои дуюм ба марҳилаи сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






