Дар бозори «Корвон плюс»-и шаҳри Душанбе машқи шабонаи тактикию оташнишонӣ — амалиёти махсуси «Сӯхтор» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Cоати 00:03-и шаби 31 октябр дар бозори «Корвон плюс»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи шабонаи тактикию оташнишонӣ — амалиёти махсуси «Сӯхтор» гузаронида шуд. Ба он ҷузъу томҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, роҳбарият, ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои он, РБДА, Раёсати тиббии ВКД ва дигар раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, аз ҷумла, кормандони шабакаҳои барқ, ёрии таъҷилии тиббӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корезии шаҳри Душанбе», масъулин ва дружинаи идоравии оташнишонию муҳофизони бозори мазкур сафарбар гардиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар амалиёти муштарак 634 нафар кормандони хадамоту мақомоти дахлдор, 47 адад воситаҳои нақлиёти сӯхторхомӯшкунию ёрирасон ва дигар техникаву таҷҳизоти зарурӣ ҷалбу истифода бурда шуданд.
Тибқи нақшаи амалиёти махсуси «Сӯхтор» гӯё дар даромадгоҳи 3-юми бозори «Корвон плюс» дар масоҳати 1200 метри мураббаъ сӯхтор рух дода, бинобар сабаби вазъи номусоидии обу ҳаво ва вазидани шамоли сахт, таҳдиди паҳншавии алангаи оташ ба дигар қисматҳои бозор ба миён омадааст. Бо назардошти вазъияти мураккаби ба амаломада, роҳбарии амалиёти рафъи ҳодисаи шартиро сардори Сарраёсати мазкур, генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода бевосита ба зиммаи худ гирифт.
Бо таъсис додани Ситоди оташнишонӣ, фавран муайян намудани самтҳои асосии ҳалкунанда дар сӯхтор ва дуруст сафарбар намудани тамоми қувва ва воситаҳо ба 6 минтақаҳои муҳорибавӣ, 12 бахши хизматбарӣ, 15 нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳӣ, 28 минтақаю ҷойҳои хизматбарӣ ва 2 хатсайрҳои пайраҳадории БДА, ки аз ҷиҳати интихоби мавқеъ барои дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯш намудани сӯхтор, ҳифзи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти молу мулки соҳибкорону савдогарон дар ҷойи ҳодисаи шартӣ самаранок ва ба мувофиқ буданд, ба иштирокчиёни амалиёт имкон дод, ки алангаи оташро дар ҳамаи самтҳо сари вақт пешгирӣ намуда, сӯхтори шартиро бе паҳншавӣ ба зудӣ хомӯш намоянд.
Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин машқҳои муштарак дараҷаи олии тайёрии тактикии ҳайати роҳбарикунандаву шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҳолати омодабошии масъулону кормандони дигар хадамоту мақомоти дахлдор, инчунин воситаи муҳими ноил шудан ба сатҳи баланди тайёрии муҳорибавӣ ҷиҳати рафъи ҳолатҳои сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои фавқулода маҳсуб мешавад.
Бинобар ин, ба масъалаи тайёрии тактикии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри такмили ихтисос ва сайқал додани донишу малакаи касбии кормандон мунтазам машғулиятҳои назариявию амалӣ ба роҳ мондаанд.










Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






