Дар Душанбе 7-умин Фестивали филмҳои полшагии «Висла» доир мегардад

Ноябрь 7, 2019 08:32

ДУШАНБЕ, 7.11.2019./АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар Душанбе  7-умин Фестивали филмҳои полшагии «Висла» баргузор мегардад. Дар ин бора ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, филмҳои полшагӣ дар Хонаи кинои «Тоҷикфилм» намоиш дода мешаванд. Дар он филмҳои беҳтарини полшагӣ, ки солҳои охир истеҳсол шудаву на танҳо дар ин давлат, балки берун аз он низ бинандагони худро пайдо кардаанд, манзури тамошобинони тоҷик мегарданд.

Инчунин дар фестивал кори донишҷӯёни полшагӣ низ ҷой дода шудааст. Тамошобинон имконият доранд бо  маҳорати   се донишҷӯи факултаи радио ва телевизиони донишгоҳи Силез дар Катовитс, ба монанди филми кӯтоҳметражи «Охирин муштарӣ», «Ман ҳам чизе барои ту дорам» ва «Элизабет» шиносоӣ пайдо намоянд.

Ноябрь 7, 2019 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид