Дар Душанбе масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Ноябрь 15, 2019 17:20

ДУШАНБЕ, 15.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар   меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси»-и пойтахт бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  таҳти унвони   «Сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» Форум баргузор гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  Форуми мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ,  вазорату кумитаҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои молиявии хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ,  ташкилотҳои қарздиҳӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок  намуданд.

Дар Форум масъулини соҳа, коршиносон ва роҳбарони лоиҳаҳои татбиқшаванда вобаста ба мавзӯи матраҳшаванда маърӯза намуданд.

Аз ҷумла,  зикр гардид, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштанд, «рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти он вазифаи аввалиндараҷаи  Ҳукумати мамлакат аст, зеро соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад».

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки  ҷиҳати дастгирии таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратии соҳибкорон сохтори  шаҳрии «Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шудааст. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе  бо мақсади татбиқи самтҳои асосии соҳа, аз ҷумла, ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ҳамеша омода аст, ки бо мақсади рушди соҳа бо соҳибкорони пойтахт ҳамкории  судманд ба роҳ монад.

Ноябрь 15, 2019 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад