Дар Душанбе масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 15.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси»-и пойтахт бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» Форум баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Форуми мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ, вазорату кумитаҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои молиявии хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои қарздиҳӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар Форум масъулини соҳа, коршиносон ва роҳбарони лоиҳаҳои татбиқшаванда вобаста ба мавзӯи матраҳшаванда маърӯза намуданд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти он вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат аст, зеро соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад».
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати дастгирии таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратии соҳибкорон сохтори шаҳрии «Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шудааст. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи самтҳои асосии соҳа, аз ҷумла, ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ҳамеша омода аст, ки бо мақсади рушди соҳа бо соҳибкорони пойтахт ҳамкории судманд ба роҳ монад.













«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд






