Дар Москва ҷаласаи XXVI Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ/ «Ховар». Хадамоти андозхо технологияҳои иттилоотӣ ва ташкили хизматрасониро фаъолона тавсеа медиҳанд, ки он доираи васеи хизматрасониҳоро барои андозсупорандагон дар шакли электронӣ пешниҳод менамояд. Дар натиҷаи он сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон аз ҷониби мақомоти андоз ниҳоят мувофиқ мебошад. Ин матлабро Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар ҷаласаи XXVI Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иброз намуд.
Тавре аз Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иброз намуданд, ҷаласаи XXVI Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози ИДМ 18-21 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар ҷаласаи навбатии Шӯро намояндагони мақомоти андози Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Россия иштирок доштанд.
Кори ҷаласаро роҳбари Хадамоти федералии андози Федератсияи Россия Михаил Мишустин ва муовини якуми Раиси Ҳукумат – Вазири молияи Федератсияи Россия Антон Силуанов бо суханҳои ифтитоҳӣ оғоз намуданд.
Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки мавриди муҳокимаи роҳбарони мақомоти андози кишварҳои ИДМ қарор гирифт, ин “Таъсири иқтисоди рақамӣ ба рушди низоми андозбандӣ дар кишварҳои ИДМ” буд.
Бо мақсади васеъ намудани ҳамкорӣ ва таҳким бахшидан ба ҳамкории минтақавӣ дар ҷаласа ба ҳайси нозир намояндагони мақомоти андози Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ташкилотҳои байналмилалии Комиссияи Авруосиёгии Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (OECD), Созмони дохилиаврупоии мақомоти андоз (IOTA), Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо иброз доштанд, ки ҳамкории мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳими фаъолияти минбаъдаи мақомоти андоз дар доираи Шӯро самаранок ва муфид мебошад.








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






