Дар ноҳияи Восеъ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 61 миллион сомонӣ баробар шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Восеъ ба 61 миллиону 702,3 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 млн. сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар ин бора мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Суҳроб Азимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки дар ноҳияи Восеъ баробари фаъолият кардани чанд корхонаи саноатӣ боз корхонаҳои азими саноатие мавҷуданд,, ки ба таври зарурӣ фаъолияти пурсамар надоранд.
Ягона корхонаи азими саноатие, ки самти фаъолияташ истеҳсол ва харидории пахта буд, ин корхонаи «Самар» мебошад. Корхонаи мазкур аз моҳи ноябри соли 2015 то инҷониб фаъолият намекунад. Тибқи маълумоти дастрасгардида, ягона мушкилии аз фаъолият бозмондани корхона- ин зиёдшавии қарзи кредиторӣ дар назди бонкҳо ва фарсуда шудани таҷҳизоти технологӣ мебошад. Корхона дар масоҳати 7 — 8 гектар ҷойгир буда, тайи 1 млн сомонӣ қарзи андоз дорад.
-Аз фаъолият бозмондани корхонаро ҳамагон медонанд. Дар корхона ғайр аз истеҳсоли пахта боз чанд корхонаи хурди саноатӣ, ба монанди корхонаи коғазҳои обу ташноб ва ресандагӣ низ фаъолият мекарданд. Мутаассифона, 4 сол боз корхона фаъолият намекунад, — изҳор дошт Суҳроб Азимзода.
Ин дар ҳолест, ки саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидааст.
Феълан дар ҳудуди ноҳияи Восеъ 31 корхонаи саноатӣ дар қайд мебошанд, ки дар онҳо 580 нафар шаҳрвандони ноҳия бо ҷойи кор таъминанд.
ҶСК «Хоҷа Муъмин» низ яке аз корхонаҳои азими саноатӣ дар ноҳияи Восеъ ба ҳисоб меравад. Корхона ба истеҳсоли намаки ошӣ машғул мебошад. Корхона дар 9 моҳи соли ҷорӣ 65 тонна намаки ошӣ ба ҳамсоядавлат- Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот кардааст. Дар корхона 27 нафар доимӣ ва 60 нафар мавсимӣ фаъолият намуда, бо маоши хуб таъминанд.
Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ 6 корхонаи хурди саноатӣ бо таъсиси 66 ҷойи корӣ ба фаъолият пардохтанд, ки самти фаъолияташон истеҳсоли нахи пахта ва маҳсулоти ширӣ мебошад.
ҶДММ «Алишер АСК» низ яке аз корхонаҳои сермаҳсули ноҳия аст. Корхонаи мазкур дар маркази тиҷоратию хизматрасонии «Султони Кабир» ҷойгир аст. Самти фаъолияти корхона дӯхти либосҳои мактабӣ ва либосҳои махсуси корӣ мебошад. Айни замон 18 нафар занону духтарони маҳаллии ноҳия бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Корхонаи мазкур бо 132 дастгоҳи дӯзандагӣ, 3 дастгоҳи дарзмолкунӣ, 3 адад корди порагарӣ, мошинаи ҳалқадӯзӣ ва тугмачаспонӣ муҷаҳҳаз буда, имконияти истеҳсоли костюмро низ дорад. Тибқи маълумот, дар мавсим корхона 18000 адад либоси мактабӣ истеҳсол намудааст.
Суҳроб Азимзода нақши кишоварзиро дар рушди иқтисодии ноҳия хуб арзёбӣ карда, зикр кард, ки дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 531 миллиону 935,5 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72 миллиону 568,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
— Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана дар ноҳия ба 332 миллиону 152,1 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 161,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад,- гуфт ӯ.








Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






