Дар Қоҳира ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 29.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ бо иштироки ҳамраиси қисми тоҷикистонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳамраиси қисми мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, Вазири сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб Саҳар Наср ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мухталиф ва гуногунсамти ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, электроэнергетика ва энергияи барқароршаванда, гумрук, тандурустӣ, фарҳанг, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, ВАО, коммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, археология, муҳандисӣ ва санъати меъморӣ, ҳифзи муҳити зист, ҷавонон, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва ҳамкорӣ байни палатаҳои савдои ду давлат мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар интиҳои маҷлис Протоколи ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, аз ҷумла Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест»-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи кулли сармоягузорӣ ва минтақаҳои озоди Миср «GAFI» дар бораи густариши муносибатҳои дуҷонибаи сармоягузорӣ, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Арабии Миср ба имзо расонида шуданд.
Ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ кори худро дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расонид.








Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






