Дар Осорхонаи миллӣ ба шарафи Рӯзи Президенти Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом Исуф Сангов доир мешавад

Ноябрь 14, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 ноябр то 15 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Об- сарчашмаи зиндагӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Исуф Сангов баргузор мегардад.

Намоишгоҳ бо дастгирии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ташкил шудааст.

Ҳамзамон дар намоишгоҳ асарҳои беҳтарини рассомӣ, ки таҳти унвони  «Субҳи Роғун» (соли 1980), «Роғун» (соли 1981), «Канал» ва ғайраҳо, ки дар фонди захиравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ҳифз ва ҳимоя карда шудаанд, ба маъраз пешниҳод карда мешаванд.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 80 асари беҳтарини  рассом ба тамошобинон манзур мегарданд, ки бештари онҳо ба мавзӯи об бахшида шудаанд. Дар расмҳо ин неъмат ҳамчун асоси ҳаёт ва сарвати табиии ҷумҳурӣ инъикос шудааст.

Исуф Сангов иброз медорад, ки «ман ташаббусҳои Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо забони ранг тасвир мекунам. Асарҳои ман барои бедор намудани ҳисси эҳтиром ва муҳаббат ба табиат таҳия шудаанд».

Дар офаридаҳои мусаввири тоҷик Исуф Сангов, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр, дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорон наққошӣ шуда, сарзамини моро чун сарчашмаи обҳои мусаффо муаррифӣ менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки 22 декабри соли 2016 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қабул гардида буд.

Исуф Сангов иштирокчии доимии намоишгоҳҳои гуногун ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он мебошад.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ 15 ноябр, соати 17:00 оғоз мегардад.

Ноябрь 14, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд