Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳангии Маҳатма Гандӣ ифтитоҳ карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 150-умин солгарди Маҳатма Гандӣ маросими ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилот, мақомоту идораҳо ва дӯстдорони фарҳангу ҳунари ҳинд иштирок намуданд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх лентаи рамзиро бурида, ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас Шамсиддин Орумбекзода дар бораи падари миллати Ҳиндустон — Маҳатма Гандӣ ва муносибатҳои неки фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон сухан кард.
Аз ҷумла, номбурда зикр намуд, ки «Маҳатма Гандӣ шахсияти машҳур ва сиёсатмадор буда, бо асарҳои навиштааш ба сиёсатмадорони муосир таъсири мусбат расонид. Ҳиндустон аз зумраи давлатҳои бузурги ҷаҳон буда, баҳри рушди маънавӣ ва ғанӣ гардонидани ганҷинаи тамаддуни башарият хизматҳои шоиста кардааст».
Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх аз заҳматҳои Маҳатма Гандӣ ҳарф зада, нақши ӯро барои дирӯзу имрӯзи Ҳиндустон назаррас арзёбӣ намуд.
Дар анҷоми ҳамоиш ҳозирин аз намоише, ки ба рӯзгори Маҳатма Гандӣ ва зиндагии мардуми ҳинд дар тӯли таърих бахшида шуда буд, дидан намуданд.










Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд






