Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил мегардад

Ноябрь 20, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар  Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва баргузории силсилачорабиниҳо таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки 19 ноябр ба имзо расид, ба ин муносибат 22 ноябр дар ноҳияҳои шаҳр маҷлисҳои тантанавӣ ва 24 ноябр дар Боғи Парчами давлатӣ ҷамъомади фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Ҳамзамон Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намудааст, ки иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои вобаста ба ин ҷашнро дар пойтахти мамлакат таъмин намоянд.

Бояд гуфт, ки 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардид, ки соли равон ба қабули он 27 сол пур шуд.

Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил карда мешавад.

Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранг — сабз,  сафед ва сурх иборат  буда, ранги сабз —  сарсабзӣ, сафед роҳи сафед,  хушбахтӣ, иқболи наку  ва ранги сурх озодӣ ва мустақилиятро ифода мекунанд. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва  Суруди миллӣ яке аз рамзҳои  давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати воҳид  шаҳодат медиҳад.

Соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии  сутунаш  165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

Ноябрь 20, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад