Дар шаҳри Гулистон рушди имкониятҳои сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ Тоҷикистон бо назардошти обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ метавонад ба сайёҳон маҳсулоти сайёҳиеро пешниҳод намояд, ки дар он рақобат вуҷуд надорад. Танҳо зарур аст, ки ин хизматрасонӣ бо сифати баланд ва нархи дастрас ба сайёҳон пешниҳод карда шавад. Ин матлаб дар Конфронси минтақавӣ таҳти унвони «Рушди имкониятҳои сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ», ки бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷиҳати татбиқи самараноки Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 баргузор гардид, таъкид карда шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, масъулини сохторҳои марбутаи соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, ҳунармандон ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат ва роҳҳои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳонро муҳокима намуданд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамзамон дар конфронс тазаккур дода шуд, ки баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва будубоши сайёҳони хориҷӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардида, ҳавасмандии аҳолиро барои бунёди иншооти нав зиёд намуд.
Дар кори ҳамоиш ҳамчунин пешниҳод гардид, ки бо назардошти имкониятҳои мавҷуда мақомоти маҳаллиро зарур аст фаъолияти самараноки марказҳои хизматрасонии сайёҳиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, маводи таблиғотиву иттилоотӣ бо забонҳои гуногуни хориҷӣ таҳия ва таълиф карда шуда, фитта ва руқъаҳои ҷолиби сайёҳӣ бештар таблиғу ташвиқ карда шаванд.
Барои таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосири сарироҳии беҳдоштию санитарӣ ва маишию техникӣ, аломатҳо ва нишонаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ муҳим мебошад.
Мунтазам гузарондани корҳои маркетингӣ ва пурсиши муштариён барои гирифтани иттилоот оид ба сатҳи хизматрасонӣ ва мавзеи истироҳат низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар самти омода кардани роҳбаладони касбӣ, пешхизматҳо ва маъмурони меҳмонхонаҳо ҷиҳати пешниҳоди хизматрасонии хушсифат аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ тибқи нақша курсҳои кӯтоҳмуддат бо ҷалби коршиносони милливу байналмилалӣ гузаронида мешаванд. Хусусан дар ҳамкорӣ бо Академияи сайёҳии Анталияи Туркия ин гуна курсҳо охирҳои моҳи декабри соли равон ташкил гардида, роҳбаладони маҳаллӣ дар ду марҳила ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Муносибат дар самти хизматрасонӣ бо сайёҳон масъалаест, ки таваҷҷуҳро бештар ҷалб менамояд. Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, дар ин самт корҳои фаҳмондиҳӣ низ пайваста гузаронида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки шаҳри Гулистонро шаҳри сайёҳӣ ва истироҳат низ меноманд. Зеро дар атрофи обанбори он – соҳили «Баҳри тоҷик» минтақаи фароғатӣ-истироҳатӣ мавҷуд буда, дар он осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои умумӣ, хусусӣ ва соҳавии мухталиф фаъолият доранд. Осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Шифо”, “Соҳил”, урдугоҳи “Шоҳин”, маркази солимгардонии “Усмонҷон” ва меҳмонхонаҳо, аз ҷумла “Соҳил”, “Наврӯз-2000” ва “Далер-777” фаъолият мебаранд, ки имконияти мусоиди қабул намудани меҳмонону сайёҳонро доро мебошанд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ сабаби ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ дар ин ҳудуди маъмурӣ гашта, ба ташкили ҷойҳои кории иловагӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии маҳалӣ мусоидат менамояд.
Дар хотима атрофи мавзӯъҳои матраҳгашта миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.








Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»






