Дар Туркия ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Ноябрь 7, 2019 11:03

ДУШАНБЕ, 07.11.2019. /АМИТ “Ховар”/. 6 ноябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар толори Институти тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Туркия бахшида ба 25-умин солагарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Конститутсия, давлат ва Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар он чорабини намояндагони воломақоми Суди конститутсионии Туркия, вазорату идораҳои кишвари иқомат, дипломатҳои хориҷии муқимии Анкара, рӯзноманигорон, олимон, донишҷӯён ва аъзоёни анҷумани тоҷикон дар Туркия иштирок намуданд.

Дар кори Конфронс Директори Институти тадқиқоти стратегии  Туркия Меҳммет Саваш Кавказиялӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Маҳмадалӣ Раҷабиён, аъзои Шӯрои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Туркия Ҷалол Мумтаз Акинҷӣ, собиқ аъзои Шӯрои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Туркия профессор Саҷит Адалӣ ва Сардори кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи Ҳаҷитеппе Ҳасан Таҳсин Фендоғлу суханронӣ намуданд. Инчунин Сардори бахши ҳуқуқ ва сиёсати Институти тадқиқоти стратегии Туркия профессор Тейфик Эрдем ровии Конфронси илмӣ-амалӣ буд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён дар рафти суханронияш изҳор дошт, ки солҳои 1999, 2003, 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиротҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар ин росто таъкид гардид, ки тағйироти аввалин ба Конститутсия баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ,  ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошт, ба мақсади дар назар гирифтани манфиати ҳизби сиёсии динӣ ворид карда шуда буд. Аммо мутаассифона ҳизби ба ном исломӣ аз ҳолати мазкур сӯиистифода намуда, ба амалҳои тахрибкорона даст зад.

Дар ин росто қайд гардид, ки соли 2016 бо иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуда, ба моддаҳои дахлдори Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар моддаи ҳашти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст».

Ҳамин тартиб Сардори кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи Ҳаҷитеппе Ҳасан Таҳсин Фендоғлу дар оғози суханрониаш таъкид кард, ки муҳтавои моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократй, ҳуқуқбунёд, дунявй ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентй мебошад) монанди моддаи 2 Сарқонуни Ҷумҳурии Туркия мебошад. Инчунин ҳуқуқшиноси турк дар рафти суханрониаш ба диққати ҳозирин расонид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда, ҳатто дар бархе аз кишварҳои пешрафта чунин шакли гуманизим дида намешавад. Профессори турк тазаккур дод, ки дар асоси моддаҳои дахлдори Конститутсия ҳар ҳизбе, ки 5% овозҳои шаҳрвандонро ба даст меорад, дар Парламент соҳиби курсӣ мегардад, ки ҳолати мазкур намунаи олии демократия ба ҳисоб меравад. Зеро қисми зиёди кишварҳои пешрафта танҳо баъд 10% ба даст овардани овозҳо, ҳизбҳо ҳуқуқи дар Парлумон пайдо кардани курсиро доранд.

Дар ин росто профессори турк қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон монанди сарқонунҳои кишварҳои аврупоӣ ба хусус Фаронса буда, барои манфиатҳои шаҳрвандон хизмат мекунад. Инчунин Ҳасан Таҳсин Фендоғлу зикр кард, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаҳои Конститутсия ҳуқуқ доранд, ба қонун ва қарорҳои қабулшуда, ки ба манифати онҳо нест шикоят намоянд, ки чунин озодии шаҳрвадон дар бисёре аз кишварҳои пешрафта аз ҷумла, дар қонунгузори Туркия то ҳол вуҷуд надорад.

Инчунин Сардори кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи Ҳаҷитеппа оид ба низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки низоми давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯи талаботҳои байналмилалӣ буда, ҳанӯз дар соли 1994 ба сохти президентӣ гузашта ва то имрӯз фаъолият менамояд. Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли 2017 дар Туркия раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки баъди ба даст овардани раъйи зиёд низоми Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми парламентӣ ба сохти президентӣ гузашт.

Ҳамзамон аъзои Шӯрои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Туркия Ҷалол Мумтаз Акинҷӣ ва собиқ аъзои Шӯрои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Туркия профессор Саҷит Адалӣ изҳор намуданд, ки қисми зиёди муҳтавои моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон монанди Конститусияи Ҷумҳурии Туркия буда, барои расидан ба ҳадафҳои миллии кишварҳо мусоидат хоҳанд кард. Инчунин ҳуқуқшиносони маъруфи Туркия тазаккур доданд, ки баъд аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо ва ба хусус ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон рушд намуд.

Дар ҳошияи Конфронси илмӣ-амалӣ ва мусоҳибаи алоҳида, профессор Саадеттин Коҷатурк зикр намуд, ки танҳо бо матонату мардонагии Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳуҷҷати тақдирсоз қабул карда шуда, дар тақдири минбаъдаи ин миллат нақши босазо гузошт.

Ноябрь 7, 2019 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд