Деҳқонони ноҳияи Тоҷикобод 15 ҳазору 295 тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ намуданд

Ноябрь 26, 2019 09:35

ТОҶИКОБОД, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод имсол аз майдони 665 гектар 15 ҳазору 295 тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 347 тонна зиёд мебошад. Дар ин бора  иқтисодчии  шуъбаи кишоварзии ноҳия Наҷмиддин Аброров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Мутахассисони  соҳаи кишоварзии ноҳия гуфтанд, ки  соли 2019 картошкаи тухмии навъҳои   «Пикасо», «Тоҷикистон», «Кардинал», «Кондра» ва «Удача» то 236 сентнерӣ ҳосил доданд. Барои мисол, хоҷагии деҳқонии коллективии «Боқӣ Раҳимзода» аз майдони 60 гектар ба миқдори 1416 тонна картошка рӯёниданд.

Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Тоҷикобод то 20 ноябр дар майдони 433 гектар  кишти зироати ғалладонагии тирамоҳӣ гузарониданд. Онҳо барои рӯёнидани ҳосили баланди  зироати баҳорӣ дар 704 гектар замини корам шудгори тирамоҳӣ гузарониданд.

Ҳамчунин дар ноҳия барои гузаронидани кишт дар фасли баҳори соли оянда 1276 тонна  картошкаи тухмӣ ва 175 тонна ғалладонаи тухмӣ захира шудааст.

Тибқи иттилои мутахассисони кишоварзии ноҳия, мушкилоти асосии соҳаи кишоварзӣ барои деҳқонон- ин набудани тухмиҳои хушсифат, корхонаҳои хурд барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нарасидани комбайни ғалладарав, гарон будани нуриҳои менералӣ, сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётии техникаҳо ба ҳисоб меравад. Дар сурати сари вақт бартараф накардани ин мушкилот он ба рушди  кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ноябрь 26, 2019 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд