«Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон»-таҳти ин унвон дар пойтахт Форуми байналмилалӣ сурат мепазирад

Ноябрь 13, 2019 08:14

ДУШАНБЕ, 13.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 ноябр  дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бахшида ба 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак таҳти унвони  «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон»   Форуми байналмилалӣ баргузор  мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсти иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин иқдом бо  мақсади пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани имконоти мусоид ҷиҳати инкишофи кӯдакон, мубодилаи таҷриба ва дарёфти усулҳои муосири кор бо кӯдакон роҳандозӣ мегардад.

Раиси шаҳр дар ин қарор масъулини соҳаро баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми мазкур вазифадор намудааст.

Ноябрь 13, 2019 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад