ЭЪЛОН! Барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бетарафӣ ихтиёр накунед!

Ноябрь 17, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 17.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз мутахассисони соҳа, олимон, омӯзгорон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки фикру андешаҳои худро ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Зеро имло танзимкунандаи шакли хаттии  забони адабӣ буда, меъёри асосии муайянкунандаи навишти калимаҳо ва дар асоси он талаффузи калимаҳо маҳсуб ёфта, ҳамчун муҳофизи забон хизмат мекунад. Агар ғалате дар хат пайдо шавад, он бо мурури замон ба гуфтор таъсири худро расонида, ба инкишофи минбаъдаи забон халал ворид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли равон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои печидаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки «…таъсири манфии ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки муайянкунандаи шакли хаттии забон мебошанд, дар таҳияи барномаи компютерии «Санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ» ба мушоҳида мерасад ва ин мушкилот то имрӯз ҳал нашудааст.

Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд.

Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст».

Вобаста ба ин, Сарвари давлат ба Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш доданд, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» — ро бо дарназардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Мавриди зикр аст, ки Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.10.2011 тасдиқ шудаанд. Қоидаҳои имлои мазкур дар асоси меъёрҳои муқарраршудаи илмӣ мушкилоти навиштро дар корбурди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ ва густариши он дар умури сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва бахшҳои дигари фаъолияти ҳаррӯзаи давлатамон хеле осон гардонид

Дар Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (соли 2011) тағйиру иловаҳои зиёд ворид гардида буд, аз ҷумла, дар бахши алифбо ҳарфҳо мутобиқ ба меъёри алифбои кириллӣ номгузорӣ шуда, тартиб ва меъёри садонокҳо ва ҳамсадоҳо бар асоси равиши илмӣ ва таърихӣ таҳия гардидаанд. Имлои ҳиссаҳои нутқ пурра бознигарӣ шуда, мақоми муайяни худро касб намудааст.

Аммо мурури вақт нишон дод, ки ҳанӯз ҳам дар қоидаҳои муназзами  имлои амалкунанда баъзе ҷузъиёти меъёрҳои муқарраршуда сарфи назар шуда, ҳатто дар баъзе маврид ҳолатҳои духура будани қоидаҳо ба назар мерасанд. Ба қавли забоншиноси марҳум Ғаффор Ҷӯраев (яке аз аъзои гурӯҳи кории қоидаҳои имлои соли 2011):  «Шубҳае нест, ки баъди гузаштани солҳо ва фароҳам омадани имкониятҳо зарурати таҳриру такмили нави имло боз фаро мерасад».

Акнун имрӯз замоне фаро расидааст, ки он нуқсонҳои имло, ки монеаи рушди забони ноби тоҷикӣ гашта истодаанд, бартараф карда шаванд. Ҳамзамон барои ҳарчи зудтар мувофиқ намудани технологияи муосир ба забони давлатӣ такмил додани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ хеле муҳим мебошад. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои муфиди мутахассисони соҳа, олимон, омӯзгорон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, онҳоро ба гурӯҳи корӣ пешниҳод хоҳад кард.

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 ё тавассути почтаи электронии kumitaizabon@mail.ru.

Ноябрь 17, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд