Фестивали 13-уми байналмилалии ҳунар ва муди «Диёри ҳусн» анҷом пазируфт

Ноябрь 26, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25-уми ноябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» Фестивали 13-уми байналмилалии ҳунар ва муди «Диёри ҳусн» доир гардид. Дар фестивали мазкур ҳунармандони чирадаст ва тарроҳони бомаҳорат аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок карда, маҳсули дасти худро пешкаши ҳозирин намуданд.

 Раиси Бунёди байналмилалии косибони Тоҷикистон — «Ҳафт пайкар» ва Ассотсиатсияи косибони Осиёи Марказӣ, ҳунарманд ва тарроҳи маъруфи тоҷик Мукаррама Қаюмова аз имтиёзҳову имкониятҳои дар соҳаи ҳунармандӣ фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз намуд, ки ҳамасола Фестивали «Диёри ҳусн» ба ягон санаи таърихӣ бахшида мешавад. «Имсол низ мо тасмим гирифтем ин фестивалро ба Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатӣ бахшем, зеро ман худро яке аз парчамбардори ин миллат мешуморам. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки  бештар ба ҳунару ҳунарварӣ  аҳамият диҳам, чунки он мерос, анъана ва фалсафаи зиндагии мардуми тоҷик мебошад”.

Инчунин мавсуф иброз дошт, ки Сарвари давлат солҳои 2019-2021-ро ҳадафмандона Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардаанд. Зеро ҳунару ҳунармандӣ миллатҳоро ба ҳам наздиктар мекунад.

Ҳамчунин  Мукаррама Қаюмова зикр кард, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта шудааст, ки тоҷикони ҷаҳон, аз ҷумла ҳунармандон, ба шаҳри Душанбе даъват карда шаванд.

Маҳз таваҷҷуҳи пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва мардумӣ мебошад, ки тайи солҳои охир доираи васеи аҳолӣ ба пӯшидани либосҳои миллии таърихӣ, ҳамчунин тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, хусусан истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, баргузории силсилабарномаҳои гуногун, намоиши ҳунари волои косибону тарроҳони тоҷик ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ рӯ оварданд. Ҳадафи аслии фестивал роҳандозӣ намудани либоси миллӣ ва сифати тоза бахшидан ба анвои гуногуни матоъҳои миллӣ мебошад.

Дар Фестивали «Диёри ҳусн», ки мақсади он таваҷҷуҳ ба омӯзиши амиқи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳорати косибии халқиятҳои гуногуни ҷаҳон аст, гӯшаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо ороиши санъати миллии онҳо ташкил гардида буд.

Гӯшаи Тоҷикистонро маҳсулоти гуногуни ороишӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, санъати чакандӯзию алочабофӣ, гулбасту адрасбофӣ, ороиш аз сангҳои қиматбаҳо ва заргарӣ, кордҳои наққошишуда, асбоби рӯзгор аз чӯбу сафол ва зарфҳои кулолӣ бо нақшу нигори миллӣ, гарданбанду ҷузвдон ва ҳамёнҳо аз адрасу атлас, тоқиву либоси минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва армуғонҳо зеб доданд.

Соҳибкорзан Ҳусния Шоҳинова чандин сол аст, ки бо аҳли оилааш ба касби пурзаҳмати  заргарӣ машғул аст. Ин бонуи ҳунар роҳбарии ширкати заргарии  «Майрамбибӣ»-ро бар дӯш дорад. Маснуоти заргарии онҳо қариб, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мардум пешниҳод мегарданд. Ин заргарбонуи ботаҷриба иброз медорад, ки “ҳарчанд ин пеша аслан вазифаи мардон аст, аммо  мо, бонувон низ дар баробари мардон ба заргарӣ машғул ҳастем. Мо ният дорем дар шаҳри Душанбе нуқтаи фурӯши маснуоти заргарӣ ба роҳ монем, то ҳунари дастиямон ба мизоҷон бештар дастрас гардад”.

Гӯшаи Ӯзбекистонро намунаҳои адрасу атлас, тоқиву либосҳои миллӣ ва армуғонҳо ташкил доданд. Ҳунармандони ӯзбек куртаҳо, рӯймолҳо ва тоқиҳоеро, ки бо ранги табиӣ гулкорӣ карда шудаанд, ба намоиш гузоштанд.

Дар Фестивал инчунин ҳунармандон аз давлати Афғонистон ширкат намуда, иброз доштанд, ки пешравиҳо дар Тоҷикистон, хосатан дар самти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ баръало дида мешаванд. Ҳунарманд Ҳоҷӣ Муҳаммад, намояндаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гуфт, ки “ҳунар сарҳад надорад ва мо имкон пайдо кардем, ки маҳсули дастии худро дар намоишгоҳҳои ҳунармандии Тоҷикистони ҳамсоя ба маъраз гузорем.  Аслан мақсади иштироки мо дар намоиш — ин омӯхтани навъҳои гуногуни заргарӣ аз ҳунармандони Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мебошад. Мехоҳем чизе омӯзему санъати миллати тоҷикро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ривоҷ диҳем. Мо аз тамоми дастовардҳои Тоҷикистон истиқбол мекунем”.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо на танҳо инъикоскунандаи ороишоти либосҳои замонавист, балки он барои бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волою истеъдоди занону бонувони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хизмат менамояд.

Дар ҷамъбасти  фестивал аз рӯйи наминатсияҳои гуногун ба ҳунармандони беҳтарин ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 26, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид