Фестивали «Диёри ҳусн» ҳунармандон ва тарроҳони бомаҳорати Осиёи Марказиро ҷамъ меорад

Ноябрь 13, 2019 09:26

ДУШАНБЕ, 13.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 ноябр дар шаҳри Душанбе Фестивали 13-уми байналмилалии ҳунар ва мӯди «Диёри ҳусн» баргузор мегардад. Дар ин бора Раиси Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон — «Ҳафт пайкар» ва Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Марказӣ, ҳунарманд ва тарроҳ Мукаррама Қаюмова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба гуфтаи мавсуф, дар фестивали мазкур ҳунармандони чирадаст ва тарроҳони бомаҳорат аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок менамоянд.

Дар назар аст, ки «Диёри ҳусн» дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» баргузор шавад.

Ноябрь 13, 2019 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд