ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ СИФАТ. Дар 272 корхонаи истеҳсолии Тоҷикистон стандарти байналмилӣ ҷорӣ шудааст

Ноябрь 14, 2019 11:08

ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ватании босифат ва рақобатпазир, ҳамзамон афзун намудани имконоти содиротии мамлакат ва дар оянда фаровон намудани бозори истеъмолӣ бо молҳои босифат то имрӯз дар 272 корхонаи истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти байналмилӣ ҷорӣ карда шудаст, ки ин омили асосӣ барои баланд бардоштани сифати маҳсулот мебошад. Ин матлабро сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сӯҳроб АШӮРЗОДА иброз намуд.

Таъкид шуд, ки ояндаи наздик тамоми корхонаҳои истеҳсолие, ки маҳсулоташон барои содирот равона карда шудаанд, тасмим гирифтаанд дар тамғагузории маҳсулоташон дарҷ кунанд, ки дар корхона стандарти байналмилалӣ ҷорӣ карда шудааст.  Дар борҷомаи маҳсулоти ватанӣ ишора шудани меъёри байналмилалӣ ба истеъмолкунанда барои интихоби молу маҳсулоти босифату бехатар ва содирот намудан ба дилхоҳ давлати хориҷӣ имконият медиҳад.

Ба андешаи номбурда, яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати маҳсулот- ин ҷорӣ намудани стандарти байналмилалӣ аст. «Тайи чанд сол аст, ки дар Агентӣ шуъбаи менеҷменти сифат оид ба ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад. Барои ҷорӣ кардани  низом ва талаботи муқаррарнамудаи стандартҳои байналмилалӣ саҳми мутахассисон низ калон аст. Бо ин мақсад соли равон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти стандартии Украина 21 мутахассиси Агентӣ давоми 10 рӯз аз омӯзиш гузаштанд. Онҳо ҳамчун коршиноси сатҳи байналмилалӣ оид ба ҷорӣ намудани стандарти байналмилалӣ эътироф гардида, соҳиби шаҳодатнома гардиданд»,-илова кард ӯ.

Сӯҳроб Ашӯрзода мегӯяд, ки сифати маҳсулот яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти корхона мебошад. Баланд бардоштани сатҳи сифати маҳсулот ба дараҷаи назаррас устувории корхонаро дар шароити бозор, суръати тараққиёти техникӣ, ҷорӣ намудани навоварӣ, рушди самаранокии истеҳсолот ва сарфаи тамоми намуди захираҳо, ки дар корхона истифода мегардад, муайян менамояд.

Харидор ҳамон маҳсулотро босифат мешуморад, ки ба шартҳои талаботи махсус ҷавобгӯ бошад. Бо дараҷаи инкишоф ёфтани тараққиёти илмию техникӣ ва талаботи ҷамъиятӣ ташаккули талаботи нав ба амал меояд. Дар ин ҳолат маҳсулоти хушсифат низ то андозае мақоми худро гум карда, пастсифат мегардад.

«Дар ҳақиқат маҷмӯи хусусиятҳои маҳсулот метавонад як хел бошад, яъне сифати маҳсулот тағйир наёбад. Аммо барои истеъмолкунанда ин маҳсулот метавонад номақбул гардад. Маҷмӯи хусусиятҳои маҳсулот наметавонад умуман бад ё ҳамеша хуб бошад. Сифат метавонад танҳо нисбатан хуб ё бад бошад. Агар зарурати баҳо додани сифати маҳсулот пеш ояд, он гоҳ маҷмӯи хусусиятҳои маҳсулоти додашударо бо ягон намуди меъёр (эталон) бояд муқоиса намуд. Ҳар як ҳуҷҷат ё меъёр маҷмӯи хусусият ва таснифотро танҳо барои ягон муҳлати муайян қонунӣ мегардонад, аммо талаботи ҷамъият пайваста тағйир меёбад»,-иброз намуд ҳамсуҳбат.

Зикр гардид, ки барои ҳамин корхона ҳангоми истеҳсоли маҳсулот мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ хавфи истеҳсоли маҳсулоти пастсифатро дорад. Ҳамин тарз дар муайян намудан ва баҳо додани сифати маҳсулот  мақоми асосиро истеъмолкунанда ишғол мекунад, вале стандарт, қонун, дастур ва низом он таҷриба ва малакаеро, ки дар соҳаи сифат ба даст оварда шудааст, ба тартиб медарорад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат маҳсулоти босифат, рақобатпазир ва воридивазкунанда истеҳсол карда мешавад. Дар ин самт барномаҳои давлатӣ низ қабул карда шудаанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» ду маротиба озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрсонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Соли равон аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» барои дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ- ҶДММ КМ «Силкоат бойя» аз шаҳри Хуҷанд  ва ҶДММ «Ваҳдат» аз ноҳияи Ёвон барои иштирок дар озмуни мазкур  пешбарӣ шуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ берун аз ҷумҳурӣ ҳам муаррифӣ шуда истодаанд.

Хушбахтона, дар ду марҳилаи озмун маҳсулоти ин корхонаҳои ватанӣ аз ҷониби коршиносон аз давлатҳои ИДМ сазовори баҳои баланд гардиданд.  Даври ниҳоии он моҳи декабр дар назар дошта шудааст.

Боя зикр намуд, ки «Силкоат бойя» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир буда, ба истеҳсоли маҳсулоти рангҳои сохтмонӣ ва масолеҳи хушки сохтмонӣ машғул мебошад. Самти фаъолияти ҶДММ «Ваҳдат» ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ  нигаронида шуда, маҳсулоти корхона ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба давлатҳои аъзои ИДМ содир карда мешавад.

Ин озмун давоми ду сол як маротиба гузаронида мешавад. Содир намудани маҳсулот ба давлатҳои аъзои ИДМ яке аз талаботи асосии озмун ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои охир маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Ширкати алюминии Тоҷик», ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент», «Куҳандиз», «Сиёма», «Авесто гурӯҳ», «Фабрикаи қаннодии Амирӣ», «Комбинати шири Душанбе», «Фабрикаи шири Саодат» ва даҳҳо корхонаҳои дигари истеҳсоли ватанӣ на танҳо ба бозори давлатҳои ИДМ, балки ба давлатҳои Осиё, Арабистон ва Аврупо низ роҳ ёфта, ҷойи махсусро касб кардаанд.  Маҳсулоти ин корхонаҳо қудрати воридивазкунандагӣ дошта, дорои сифати олӣ мебошанд.

«Дар ин самт аз тарафи Ҳукумати ҶТ гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи  барномаи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ  таъсис дода шудааст ва ман аъзои ин гурӯҳ ҳастам. Аз ҷониби Агентӣ дар ин самт пешниҳоди мушаххас ирсол шудааст. Дар лоиҳаи барномаи мазкур ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат пурра инъикос ёфтааст. Расидан ба ин ҳадаф рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии осудаю шоистаи аҳолии мамлакатро таъмин хоҳад кард. Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур дар мамлакат аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд»,-хулоса кард сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сӯҳроб Ашӯрзода.

Мавриди зикр аст, ки дар айни замон бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ дар самти баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти содиротӣ ва рақобатпазир гардонидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ аз тарафи Агентӣ дар доираи ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ якчанд тадбирҳо, аз ҷумла ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо идома дода шуда истодаанд ва ин ба корхонаҳои ватанӣ барои истеҳсоли молу маҳсулоти босифату рақобатпазир ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд.

Ҳамасола паҷшанбеи ҳафтаи дуюми моҳи ноябр Рӯзи байналмилалии сифат таҷлил карда мешавад. Мақсади таҷлили ин рӯз ба баланд бардоштани мавқеи сифати олии молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, инчунин фаъолгардонии намудҳои фаъолият, ки таваҷҷуҳи бештарро ба масъалаҳои сифат ҷалб менамояд, нигаронида шудааст. Зеро сухан на танҳо дар бораи бехатарии молу маҳсулот барои инсон ва муҳити зист, балки оид ба сатҳи қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон меравад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд дар ҳама самти фаъолиятамон сифатро дар мадди аввал гузорем, зеро сифатнокиии фаъолияти корӣ инсонро ба қуллаҳои баланд мерасонад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 14, 2019 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд