Имсол аз барафрохтани Парчами давлатӣ дар Антарктида 10 сол сипарӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 10 сол қабл, 6 январи соли 2009 Парчами давлатии Тоҷикистон дар Антарктида расман барафрохта шуд. Ташаббускори ин иқдом олими тоҷик, иқлимшинос, доктори илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон ва ҳамзамон директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИҶТ) Абдулҳамид Қаюмов мебошад.
А. Қаюмов: ҳадаф-муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ
«Экспедитсияи якуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Антарктида, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд, ду ҳадаф дошт: муаррифӣ кардани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ба воситаи гузоштани Парчами давлатӣ дар қитъаи шашуми ҷаҳон ва гузарондани корҳои тадқиқотӣ дар қитъаи мазкур», — таъкид намуд зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» — и АИ ҶТ профессор А. Қаюмов.
Тавре профессор А. Қаюмов изҳор медорад, маҳз бо гузоштани Парчами давлатӣ дар Антарктида, Тоҷикистон иқтидори илмии худро дар масъалаҳои муҳими экологӣ, бахусус омӯзиши пиряхҳои Антарктида ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
«Давоми солҳои 2008 – 2009 ҳамчун солҳои қутбӣ дар қитъаи Антарктида дар маҷмӯъ 47 давлати пешрафтаи ҷаҳон парчами худро гузошта буданд, ки ҳадафи гузоштани ин парчамҳо, пеш аз ҳама, муаррифӣ кардани ин кишварҳо ҳамчун давлатҳои таҳқиқкунандаи Антарктида ба ҳисоб мерафт. Барои мо низ мояи ифтихор буд, ки дастовардҳои илмии мо дар масъалаи омӯзиши пиряхҳо самарабахш буда, имкон доданд, ки дар қатори 47 давлати дунё мо низ бо ифтихор Парчами давлатии худро дар қитъаи шашум гузорем», — афзуд дар идомаи суҳбат иқлимшиноси тоҷик А. Қаюмов.
25 сол қабл аз экспедитсия дар хоб…
«Қаблан солҳои 1983 – 1984 ман дар экспедитсияи Антарктида иштирок карда будам. Он замон ман мушоҳида намудам, ки дар Антарктида парчами дигар давлатҳо насб шуда буд ва ин парчамҳо давлатҳои худро ҳамчун мамлакатҳое, ки дар Антарктида тадқиқоти илмӣ гузаронида буданд, муаррифӣ намуданд», — изҳор дошт профессор А. Қаюмов.
Ба гуфтаи мавсуф, азбаски дар экспедитсияи солҳои 1983 – 1984 дар Антарктида намояндагони Тоҷикистон ҳамчун як қисми ИҶШС иштирок намуда буданд, аз ин рӯ онҳо наметавонистанд, ки Парчами давлатии Тоҷикистонро дар ин қитъаи сардтарини дунё гузоранд, зеро он замон Тоҷикистон мустақил набуд.
«Шурӯъ аз ҳамон замон, яъне соли 1984 то соли 2009, ки ҳамин сол мо Парчами давлатии Тоҷикистонро дар Антарктида барафрохтем, ман ҳамеша ба он андеша мекардам, ки мо низ бояд ҳатман Парчами худро дар қитъаи шашум гузорем. Яъне 25 сол қабл аз барафрохтани Парчами давлатӣ дар Антарктида ман ин иқдомро ҳамеша дар хобам медидам, ки чӣ тавр Парчами давлатиро дар қитъаи шашум гузошта истодаам. Ҷолибияташ он буд, ки баъд аз барафрохтани Парчами давлатӣ дар Антарктида ман дигар чунин хобро надидам», — мегӯяд шӯхиомез иқлимшинос А. Қаюмов.
Помир-Антарктидаи хурд…ё хулосабардорӣ аз экспедитсия
Абдулҳамид Қаюмов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки дар баробари барафрохтани Парчами давлатӣ дар Антарктида ҳамчунин зимни экспедитсияи 54-уми антарктикӣ маълум гардид, ки иқлими Тоҷикистон бо сардиҳои худ ба Антарктида шабоҳат дорад. Аз ҷумла, ба андешаи мавсуф, Помирро Антарктидаи хурд эътироф намудани ҷомеаи ҷаҳон беасос нест, зеро ҳам аз ҷиҳати иқлим, ҳам ҳарорати ҳаво ва ҳам ландшафт Помир ва Антарктида шабеҳи ҳам мебошанд.
Дар аксҳо: (Аз чап ба рост: 1)қитъаи Антарктида; 2) қаторкӯҳҳои Помир
Ба иттилои манбаъ, дар баландкӯҳҳои мамлакат сардии ҳаво то 68 – 70 дараҷа буда, растаниҳое, ки дар ин баландкӯҳҳо мерӯянд, ба растаниҳои нисбатан содаи Антарктида хеле монанд ва мутобиқ ҳастанд. Далелҳои илмӣ нишон доданд, ки ҳам дар Антарктида ва ҳам дар Помир пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорати ҳаво коҳиш ёфта истодаанд. «Ягона фарқияти байни ин ду қитъа он аст, ки ҳаҷми обшавии пиряхҳо дар Антарктида зиёд аст ва дар Помир кам. Аммо раванди обшавии пиряхҳо ҳам дар Антарктида ва ҳам дар пиряхҳои Тоҷикистон як хел ба назар мерасад», — илова намуд дар идомаи суҳбат иқлимшинос А. Қаюмов.
Ёдовар бояд шуд, ки 24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармонҳоро «Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома оид ба Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома оид ба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расониданд. Баъд аз 18 сол, 24 ноябри соли 2010 дар маркази шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони пояи боҳашамати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. 30 августи соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат маросими бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи ин пояи 165-метра, ки ҳамон замон дар ҷаҳон баландтарин буда, ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил шуда буд, баргузор шуд.
Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»