КИЗБИ НАҲЗАТ. Чунин унвон кардааст коршиноси умури сиёсӣ нотавонбинӣ ва дурӯғпарокании навбатии як тӯдаи авбошу расворо дар арафаи ғалабаи навбатии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 2, 2019 22:00

«Ман донистам, ки Худованд
кизбро ҳаром гардонида…».

«Равзат-ус-сафо»

 

ДУШАНБЕ, 02.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ташаккул ва татбиқи сиёсати кишвар, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушод» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё ба роҳ монд. Интихоби сиёсати «дарҳои кушод» дар самти рушди ҳамкориҳои хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар рӯзҳои аввали истиқлолият аз хислатҳои дурандешонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва он дар давоми Истиқлолияти давлатӣ воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзуда, барои таъмини иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ҷаҳони муосир интихоби дурусти сиёсати хориҷии кишвар яке аз самтҳои асосии мусоидаткунанда ба пешрафти соҳаҳо, махсусан  иқтисодиёти  мамлакат ва ченаки муайянкунандаи иқтидори сиёсии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ҳанӯз аз ибтидои истиқлолият ҳамкории дуҷонибаро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо назардошти манфиатҳои кишвар ба роҳ мондааст. Яке аз рукнҳои асосӣ дар сиёсати «дарҳои кушод»-и Тоҷикистон — ин иштироку суханронии Сарвари давлатамон дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ва сафарҳои Пешвои миллат ба кишварҳои гуногуни сайёра бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаву манфиатовар аст. Инчунин пазируфтани меҳмонҳо, махсусан президентону сарвазирони кишварҳо ва шахсони бонуфузи байналмилалӣ, ба хотири тақвият бахшидани ҳамкорҳои соҳаҳои иҷтимоӣ низ яке аз самтҳои сиёсати бохирадона ва дурбинонаи Ҳукумати ҶТ аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири густариш ва мустаҳкам намудани муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун ба хотири бастани шартномаҳо ва ёддошти тафоҳум сафарҳо намуданд ва ин сиёсати хирадмандона ва манфиатовар то ҳол низ давом дорад. Чун Тоҷикистон ҷузъи комилҳуқуқи созмони башар аст ва дар самти бароҳмонии ҳамкориҳо бо ин ё он кишвар соҳибҳуқуқ аст ва тамоми ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа пеш аз ҳама бо назардошти манфиатҳои кишвар ва мардум ба роҳ монда мешаванд.

Маҳз ин сиёсати дуруст ва оқилонаи Ҳукумати ҶТ тавонист, ки то ин дам ба пешрафти аксарияти соҳаҳо мусоидат намояд ва барои амалисозии аҳдофи миллӣ дорои аҳамияти  бузург аст. Иқдомҳои  давлат ва Ҳукумати мамлакат дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун ба пешрафти соҳаҳои  мухталифи мамлакат такони ҷиддӣ мебахшанд.  Масалан, ҷалби торафт бештари сармоягузорони хориҷӣ дар пешрафти соҳаҳои истеҳсолӣ мисоли гуфтаи боло аст.

Бинобар ҳамин, Тоҷикистон бо ҳадаф ва барномаҳои мушаххаси давлатӣ ҳамеша ҳамкорӣ бо кишварҳо ва ширкатҳои байналмилалии манфиатоварро яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ мешуморад ва барои густариш ва тақвияти ин ҳамкориҳои дуҷониба кӯшишҳо ба харҷ медиҳад.

Сафари навбатии  Пешвои миллат  ба кишварҳои Аврупо  дар оғози ҳафтаи оянда низ давоми сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҶТ — сиёсати «дарҳои кушод» аст ва бо мақсади густариш ва ривоҷ додани ҳамкориҳо бо кишварҳои аврупоӣ пешбинӣ шудааст. Бастани шартномаҳо ва ёддошти тафоҳумҳои нав бо кишварҳои аврупоӣ, ки дар ҷараёни сафари навбатӣ дар назар аст, барои густариш ва равнақ ёфтани  муносибатҳои  байналмилалии Тоҷикистон ва рушди бештари  соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ва дар навбати худ, ба баландравии некуаҳволии мардуми Тоҷикистон  боис хоҳад гардид.

Чун ҳамеша аз ин хабари барои мардуми тоҷик умедбахш аъзои ТЭТ ҲНИ (ё таҳти пушиши ПМТ) асабонӣ ва сардаргум шудаанд. Медонанд, ки дар ҳолати бастани шартномаҳои муфид эътимоди мардум ба ҳукумати созандаи худ боз ҳам қавитар гашта, сатҳи зиндагиашонро ба дараҷаи баландтар мерасонад. Ва дигар касе ба доми фиреби ТЭТ ҲНИ нахоҳад афтид. Охир онҳо лоф мезаданд, ки дар пайи иғвоҳои чандсолаи онҳо роҳҳои раҳбарияти Тоҷикистон ба Аврупо баста шудаанд. Ва, инак, бори чандум аст, ки  ин дурӯғгӯии онҳо ба тамоми ҷаҳон ошкор шуд. Вале онҳо аз ин беорӣ шарманда намешаванд, аниқтараш ин шармандагиро эҳсос намекунанд. Ба ҳар ҳол феълан ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро ҳамчун тӯдаи авбошу шарманда мешиносад.

Мутахассисон ва коршиносони мардумӣ бошанд дар посух ба сафсаттаҳои наҳзатиён сафари қарибулвуқуъи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупоро дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ  чун як ҳодисаи фавқулодда бо натиҷаҳои манфиатовар ба давлату мардуми Тоҷикистон унвон мекунанд. Онҳо дар мавриди таҷаммуи ифротиён дар наздикии маконҳое, ки  Пешвои муаззами миллат  ташриф меоранд, назари худро иброз дошта мегӯянд, ки ҳеҷ нигароние аз чунин иғвоҳои ТЭТ ҲНИ надоранд. Мегӯянд «худи силсиласафари Президент ба кишварҳои Аврупо як муваффақияти дипломатии Душанбест, чунки вақтҳои охир роҳбарони наҳзатӣ зиёд ҷор мезаданд, ки роҳро ба сӯи кишварҳои Ғарб бастаанд ва гӯё дар пойтахтҳои Аврупо чандон моили ин боздидҳо нестанд».

Вале ин сафар муваффақ хоҳад буд. Махсусан дар ҳоле, ки мавзуъҳои баррасишаванда ба иқтисод рабт доранд ва натиҷаҳои мусбати онҳо ба ҳар як хонаводаи Тоҷикистон  таъсири мусбат расонида метавонанд. Ин ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон аст ва ин сафар моро барои расидан ба ин аҳдофи созанда кумак мекунад.

Ба ин нигоҳ накарда, наҳзатиёни ифротӣ ва  террорист дар бархе аз сомонаҳои худ  оид ба ин боздид ва густариши ҳамкориҳо бо ҷониби Аврупо ҳар гуна хабарҳои ботил ва беасос, ки пурра хусусияти бадном намудани сохторҳои давлатиро доранд, паҳн намуда истодаанд. Онҳо бо вуҷуди он ки ба таври ошкоро бешармона дар ҳаққи давлат ва масъулини он дурӯғпароканиву дасисаангезӣ мекунанд, боз густохона аз онҳо тақозо ҳам мекунанд, ки омилҳои вокуниш ба дурӯғу дасисаи  онҳоро бартараф намоянд.

Барояшон чунин мегӯем: эй беинсофҳои расво! Дар баробари ҳуҷуми иттилоотии шумо, ки ба ҷуз туҳмату буҳтон задан дар ҳаққи Ҳукумати ҶТ чизи дигаре нест, агар ягон нафар корманди давлатӣ, коршиноси ҳирфаӣ ва умуман шаҳрванди огоҳи кишвар вокуниш нишон диҳад, баръакс  ӯро муттаҳам мехонед. Чун шумо, наҳзатиёни хоин, ҳама арзишҳои худро, ба монанди миллату модару имон ба ивази сарватҳои ночизе фурӯхтед ва ҳамаро бо тарозуи худ баркашед ва ба ҳама  аз даричаи тангу тираи худ нигоҳ мекунед. Шумо мардуми кишварро таҳқир мекунед, аз корбурди алфози тавҳиномезу туҳмат нисбат ба як давлати соҳибихтиёре, ки бо раъйи мардум ба ин симат интихоб шудааст, хиҷолат намекашед, аммо бо мушоҳидаи вокунишҳои баробарвазн аз ин ҷониб филфавр бонг мезанед, ки моро таҳқиру тавҳин карданд. Дар ҳар қадам ва ҳар каломатон дурӯғ мегӯед. Ҳизби шуморо (агар онро ҳизб номидан мумкин бошад) ҳизби наҳзат не, кизби наҳзат метавон ном бурд. Он ба дини мубини Ислом ҳеҷ иртиботе надорад, балки ба номи поки он  иснод меорад. Зеро ин дин кизб ва дурӯғу буҳтонро ҳаром мешуморад.

Хуллас, сафари дарпешистодаи Пешвои муаззами миллат бозгӯкунандаи он аст, ки кишварҳои аврупоӣ ҳукумати Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод мешиносанд. Онҳо медонанд, ки бо намояндагони мардуми тоҷик муносибат карда истодаанд. Дигар иғвоҳои душманони ин миллатро ҳамчун садои магас қабул мекунанд.

Умедворем аҳдофи неку созандаи раҳбарияти Тоҷикистон дар ин сафар бароварда мешаванд ва мо мардуми тоҷик аз натиҷаҳои босамари он истифода хоҳем кард. Бо умеди ғалабаи нави Тоҷикистон!

 

Раҳим ҲОШИМОВ,
коршиноси умури сиёсӣ

Ноябрь 2, 2019 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад
ГАРМОИ ШАДИД ДАР САЙЁРА. Он раванди даврии табиат аст ва ё таъсири инсон ба муҳит?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд