Конститутсия барои ба амал баровардани сиёсати хориҷии давлат заминаи устувор фароҳам овардааст
ДУШАНБЕ, 05.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амал баровардани сиёсати хориҷии давлат заминаи устувор ва мусоид фароҳам овардааст, ки натиҷаи он боз ҳам боло рафтани эътибори байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардидааст, иброз медорад Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух ШАРИФЗОДА.
Ӯ доир ба ин мавзуъ андешаҳояшро чунин нигоштааст:
— Ба афкори сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ ва фаъолияти давлатдорию давлатсозӣ ворид гардидани калимаи Конститутсия ва баъдан матни зиндаи он ҳамчун муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ аз рӯйдодҳои муҳими таърихи башарият маҳсуб меёбад.
Зеро ин калима на дар ҷойи хушку холӣ ва берун аз ҳаёти моддию иҷтимоии инсоният, балки он аз ҳастӣ, ҳувият ва кӯшишу ғайрати инсон барои озодӣ, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ рӯйи кор омада, арзӣ ҳастӣ кардааст.
Бо ба вуқӯъ омадани тақсимоти бузурги меҳнат, гузаштан ба зиндагии бошууронаи ҷамоавӣ, авлодӣ ва қабилавӣ дар инсон талаботи маънавӣ низ боло рафта, ӯ худро ҳамеша озод дидан ва озод зистан мехост. Адолати иҷтимоӣ, баробарӣ ва баробарҳуқуқӣ, эътироф, кафолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ бармаҳал ба шуури ҷамъиятии инсон ворид гардид. Инсон кӯшиш менамуд, ки талаботи аввалиндараҷаи маънавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худро тавассути урф, одат ва анъанаҳо амалӣ намуда, ба муқобили касоне, ки ҳуқуқу озодиҳои ӯро поймол менамуд, мубориза барад.
Бинобар ин, рӯйи кор омадани Конститутсияро бе давлат ва ҳуқуқ, ки пайдоши онҳо низ инъикоси шароити моддии ҳаёти ҷомеа, натиҷаи рушду таҳким, мураккабшавии муносибатҳо ва равандҳои гуногунҷабҳаи ҷамъиятӣ, боло рафтани шуури сиёсӣ ва ҳуқуқии инсоният аст, тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар баробари пайдоиши ҳуқуқ, ҳамчунин кӯшишҳои дарк кардан ва фаҳмидани ин зуҳурот, моҳияти дохилӣ ва шакли зуҳури берунии он, асосҳои объективӣ, ҷой ва нақши он дар олам, қонунияти пайдоиш ва инкишоф, қоида ва воситаҳои дарк, вобастагӣ ва нақши он дар ҳаёти инсон, тақдири халқҳо ва инсоният низ ба миён омад.
Вобаста ба дарк ва фаҳмидани ҳуқуқ ҳамчун шакли зарурии озодӣ, баробарӣ ва адолат, дар ҳаёти ҷамъиятии одамон фалсафаи ҳуқуқ, назарияи ҳуқуқ, таърихи ҳуқуқ ва соҳаҳои ҳуқуқ арзи ҳастӣ карданд, ки дар маркази он ҳуқуқи фитрӣ ва баъдан ҳуқуқи позитивӣ қарор гирифт. Афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ғоя ва арзишҳо пайдо шуда, рушд ва таҳким ёфтанд, ки онҳо таърихи зиёда аз сеҳазорсола доранд.
Рушди минбаъдаи ҳуқуқи фитрӣ ва позитивиро бе андешаи Эллади Протагор, ҳуқуқшинос ва нотиқи бузург, ки ба андешаи ӯ «инсон- ченаки ҳамаи ашё мебошад», ки баъдтар ҳамин ғоя заминаи устувори инкишофи давлати ҳуқуқбунёд, консепсияи табиӣ-ҳуқуқии ҳуқуқи инсонро ташкил дода, дар тамоми конститутсияҳои давлатҳои олам, аз ҷумла Конститутсияи мо низ омадааст, дарк кардан мумкин нест.
Ё ҳуқуқшиноси маъруфи давраи Эҳё, нависандаи асари «Шаш китоб оид ба давлат» Жан Боден давлатро дастгоҳи ҳокимият арзёбӣ намуда, се аломати он: соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқ, моликиятро асоснок намуда, дар инкишофи давлат нақши сарватмандони миёнаро махсус таъкид мекард.
Ин ва даҳҳо дигар андешаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ баъдан ҳамчун арзишҳо эътироф карда шуда, аз ҷониби мутафаккирони минбаъда низ садо медоданд. Онҳо ҷойи худро дар санадҳои ҳуқуқӣ ва бо пайдоиши Конститутсия мавқеи худро дар он ёфтанд. Онҳо баъдан назарияи конститутсионализмро ташкил доданд.
Ҳамин тариқ, андеша ва ғояи конститутсионализм ва Конститутсия- ин моли инсоният аст, натиҷаи рушди афкори фалсафию сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки дар пайдоиш, побарҷоӣ ва расидан то ба дараҷаи назария, консепсия, амалия ва санади навишташуда нақши олимону мутафаккирони ҳамаи халқҳои олам, аз ҷумла фарзандони баруманди миллати мо низ ҳаст.
Вобаста ба чунин санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буданаш, мафҳум ва моҳияти калимаи конститутсия дар адабиёти илмӣ бо паҳлӯ ва тобишҳои гуногун рушд кард, ки дар миёни онҳо «санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ ва асоси ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа будани Конститутсия»; «танзимкунандаи асосҳои ташкили давлат ва муносибати давлат ва инсон будани Конститутсия»; «бархурдор будани Конститутсия аз суботу устувории махсус», «тибқи Конститутсия ба хотири таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳдуд кардани ҳокимияти давлатӣ»; «маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии давлат будани Конститутсия ва ба меъёрҳои он мувофиқат намудани меъёрҳои ҳуқуқии дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»; «таъминкунандаи суботи сиёсӣ ва тартибу низом дар давлат ва ваҳдати сиёсии халқ будани Конститутсия»ва ғ. нақши муайянкунанда доранд.
Ҳамин тариқ, Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва миёни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ санади олии дорои эътибори ҳуқуқӣ аз талаботи аввалиндараҷаи инсон ба ҳаёт, зиндагӣ, озодӣ, адолати иҷтимоӣ, баробарӣ ва дахлнопазир будани ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба майдони сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид шудааст.
Ин хусусияти Конститутсия аз ин бармеояд:
1) Дар Конститутсия меъёрҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии хусусияти умумӣ, ки барои танзими конститутсионӣ-ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд, муқаррар карда мешаванд. Ҳамаи дигар сарчашмаҳо аз меъёрҳои конститутсионӣ оғоз мешаванд ё бармеоянд, ҷузъиёти онҳо муайян ва танзим карда мешавад.
2) Хусусияти Конститутсия дар мазмуну мундариҷаи васеи меъёрҳои он ифода мегардад. Онҳо ба ҳама самтҳо ва соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ таъсир мерасонанд. Бо ин хусусияташ Конститутсия аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки танҳо ба танзими як самти фаъолият алоқамандӣ доранд, фарқ мекунад.
3) Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд (Ниг: қисми 1 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 15 Конститутсияи Федератсияи Россия ва ғ.).
4) Дар Конститутсия намудҳои зиёди сарчашмаҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд. Дар он номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ин ё он самти фаъолияти давлатиро танзим менамоянд, эътибори ҳуқуқии онҳо, тартиби қабули онҳо, бекор кардан ва нашр кардан муқаррар карда мешавад.
5) Аҳамияти Конститутсия ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқ дар он зоҳир мегардад, ки меъёрҳои дар он муқарраршуда ҳамчун шакли ифодаи иродаи давлатии халқ хизмат менамоянд. Дар Конститутсия он ҳадафҳо, ки ҷомеа дар назди худ мегузорад, принсипи ташкил ва фаъолияти ҳаётӣ муайян карда мешавад.
6) Конститутсия дар муқоиса бо дигар сарчашмаҳои ҳуқуқ на дар сатҳи ҳуқуқӣ санади олӣ ба ҳисоб меравад, балки бо моҳияти ҷамъиятии худ санади дорои эътибори олӣ мебошад.
Чунонки дида мешавад, Конститутсия то ба дараҷаи соҳиб шудан ба унвони қонуни асосии давлат эволютсияи дуру дарози таърихиро аз сар гузаронида, амалан синтези афкори пешқадами фалсафию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя аз таҷриба ва арзишҳои вуҷуддоштаи давлату давлатдорӣ, анъанаҳои қабул кардани конститутсияҳо, раванди конститутсионализм ва таҷрибаи 70-солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (конститутсияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 конститутсияи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоии худро қабул ва эълон намуд.
Қабули Конститутсияи соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи саъю кӯшиш ва талошҳои роҳбарияти давлати тозабунёд ҷиҳати дарёфти роҳи инкишофи миллӣ ва давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери суол қарор дода буд, рост омад.
Чунонки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ 3 ноябри соли 2010 зикр намуданд: «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ… нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда,… орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва таърихии Конститутсияро чун ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба хубӣ дарк карда, онро сарчашма ва бақои давлату миллат арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, 23 апрели соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дебочаи худ халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намуда, масъулияти таърихии онро дар назди наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда муайян намуд. Мақсади таърихии худро дар баробари таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, муқаддас донистани озодӣ ва ҳуқуқи ҳар шахс, таъмин ва кафолати баробарӣ ва дӯстии тамоми хадқу миллатҳо, инчунин аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар арзёбӣ намуд.
Мусаллам аст, ки мақсадҳои дар назди худ гузошташударо бе дуруст ва амиқ муайян намудани асосҳои сохтори давлатӣ, ки он дар худ хусусиятҳои сиёсию ҳуқуқии давлат, моҳияти иҷтимоӣ, омилҳои таърихиву фарҳангӣ, рукнҳо, унсурҳо ва рамзҳои давлатӣ, мавқеи инсон ва шаҳрванд дар давлат ва ҷомеа, нақши созандаи халқ ва дигар омилҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ ва этникиро дар бар мегирад, тасаввур кардан мумкин нест.
Ҳамин аст, ки бо такя бо таҷрибаи ҷаҳонии қабули конститутсияҳо ва конститутсионализми ҷаҳонӣ, таҳиягарони Конститутсия ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ матнеро рӯи кор оварданд, ки он ифодагари орзуву омоли халқу миллати тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, таъриху фарҳанги волои давлатдорӣ ва давлатсозӣ буда, аз бузургтарин арзишҳои умумиэътирофшудаи ҷаҳонӣ ва миллӣ сарчашма мегирад.
Дар он дар баробари асосҳои сохтори конститутсионии мукаммал, инчунин фаъолияти муназзам ва ба ҳаёти давлату ҷомеа ва давлатдорӣ мувофиқ вазифа ва салоҳиятҳои мақомоти олии мамлакат, аз қабили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти судӣ ва прокуратура муайян гардиданд, ки таҷрибаи 28-солаи давлатдорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, дурустӣ ва муҳим будани муқаррароти конститутсиониро баръало собит сохт.
Ҳамин аст, ки дар мамлакат дар муддати кӯтоҳ дар натиҷаи ташкили дурусти фаъолияти мақомоти олии давлатӣ ва маҳаллӣ, душвориҳо, нофаҳмиҳо ва оқибатҳои онҳо паси сар гардида, давлат ба шоҳроҳи бузурги созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошт.
Соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида шудани қисми даромади буҷети давлатӣ, ки афзоиши он нисбат ба соли 2010 қариб 4 баробарро (6,5 миллиард сомонӣ) ташкил медиҳад ва дар ин замина ба 43,7 фоиз расидани ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардидани рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2018, то 25 фоиз дар се соли охир кам гардидани шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 11 фоиз зиёд шудани даромади пулии аҳолӣ, 9 фоиз афзудани ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии ҷумҳурӣ, то ба 29,5 фоиз коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ шаҳодати рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва татбиқи муқаррароти Конститутсияи мамлакат оид ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва иҷтимоӣ мебошад.
Ба сиёсати хориҷии давлат дахл карда, зикр кардан зарур, ки нахустин санаде, ки дар он мазмуну муҳтавои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида буд, ин Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар банди 1 Эъломия Истиқлолияти давлатии РСС Тоҷикистон дар баробари дигар омилҳо бо соҳибихтиёрии давлат дар муносибатҳои хориҷӣ ифодаи худро ёфтааст.
Дар дигар бандҳои Эъломия масъалаҳои вобаста ба пешбурди сиёсати хориҷӣ алоқаманд низ пешбинӣ шудаанд. Мутаассифона, дар ин Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз шомили давлати Иттиҳоди шӯравӣ буда, истиқлолияти комил надошт.
Дар Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сенябри соли 1991, «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон», Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавқеи худро аз нигоҳи давлати соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт.
Бо қабули Конститутсияи мамлакат, ки он 6 ноябри соли 1994 бори нахуст дар мамлакат тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифт, дар баробари танзими масъалаҳои вобаста ба сиёсати дохилӣ, инчунин ба танзими конститутсионӣ-ҳуқуқии сиёсати хориҷии давлат низ аҳамияти зарурӣ дода шуда, Конститутсия сарчашмаи пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Татбиқи муқаррароти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба амал баровардани сиёсати баркашидаи хориҷӣ, ки он бо номи «Дарҳои кушода» эътироф мешавад, ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ ноил гардид.
Сиёсати дохилии давлат, агар самти фаъолияти мақомоти иҷроияи онро дар дохили ҷомеаи аз тарафи онҳо идорашаванда муайян намояд, пас, сиёсати хориҷии давлат самти фаъолияти мақомоти иҷроияи онро дар муносибат бо дигар давлатҳо муайян менамояд. Сиёсати хориҷӣ бо таъсири худ қодир аст дигар давлатҳоро ба ҳамкорӣ моил намояд. Дар натиҷа сиёсати хориҷӣ омили ташаккули сиёсати ҷаҳонӣ ва намуди хоси таъсири сиёсиро ташкил намуда, ба таъмини ҳамзистии халқу миллатҳо ва давлатҳо мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 130 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, беш аз 160 давлат истиқлолияти онро эътироф кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба беш аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли муоҳидаҳо, паймонҳо, хартияҳо ва эъломияҳо аъзо шуда, бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 санади дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро танзим менамоянд. Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об низ дар ҷаҳон назир надоранд. Аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълон шудани соли 2003 Соли байналмилалии «Оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», барои солҳои 2005-2015», соли 2013 эълон шудани «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» аз нақши барҷастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл карда, зикр карданд, ки «дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад. Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд муҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинона дошта бошад ва ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро барои омода намудани аксуламали муносиб дар баробари таҳдид ва хатарҳои замони муосир имконпазир мешуморад».
Татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ бо назардошти амиқ дарк кардани манфиатҳои миллии мамлакат шаҳодати онанд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олию муҳими сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳои беназир раҳнамун месозад. Мо дар партави меъёрҳо ва муқаррароти Конститутсия ба ҳадафҳои конститутсионӣ–бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати иҷтимоӣ мерасем ва ба ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда муҳайё менамоем. Бо фаъолияти созандаю бунёдкорона эътибори миллат ва давлати худро боло мебарем ва барои фарзандони худ давлати ободу зеборо ба мерос мегузорем.