Конститутсия барои ба амал баровардани сиёсати хориҷии давлат заминаи устувор фароҳам овардааст

Ноябрь 5, 2019 14:02

ДУШАНБЕ, 05.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амал баровардани сиёсати хориҷии давлат заминаи устувор ва мусоид фа­роҳам овардааст, ки натиҷаи он боз ҳам боло рафтани эътибори бай­налхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардидааст, иброз медорад Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух ШАРИФЗОДА.

Ӯ доир ба ин мавзуъ андешаҳояшро чунин нигоштааст:

Ба афкори сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ ва фаъолияти дав­лат­дорию дав­латсозӣ ворид гардидани калимаи Конститутсия ва баъдан матни зиндаи он ҳамчун муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ аз рӯйдодҳои муҳими таърихи башарият маҳсуб ме­ёбад.

Зеро ин калима на дар ҷойи хушку холӣ ва берун аз ҳаёти моддию иҷ­тимоии инсоният, балки он аз ҳастӣ, ҳувият ва кӯшишу ғайрати инсон барои озодӣ, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ рӯйи кор омада, арзӣ ҳастӣ кардааст.

Бо ба вуқӯъ омадани тақсимоти бузурги меҳнат, гузаштан ба зин­да­гии бошууронаи ҷамоавӣ, авлодӣ ва қабилавӣ дар инсон талаботи маъ­­навӣ низ боло рафта, ӯ худро ҳамеша озод дидан ва озод зистан мехост. Адолати иҷтимоӣ, баробарӣ ва баробарҳуқуқӣ, эътироф, кафолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ бармаҳал ба шуури ҷамъиятии инсон во­рид гардид. Инсон кӯшиш менамуд, ки талаботи аввалиндараҷаи маънавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озо­диҳои  худро тавассути урф, одат ва анъ­анаҳо амалӣ на­муда, ба муқо­били касоне, ки ҳуқуқу озодиҳои ӯро поймол менамуд, мубориза барад.

Бинобар ин, рӯйи кор омадани Конститутсияро бе давлат ва ҳуқуқ, ки пай­доши онҳо низ инъикоси шароити моддии ҳаёти ҷомеа, натиҷаи руш­ду таҳким, мурак­каб­шавии муносибатҳо ва ра­вандҳои гуногун­ҷабҳаи ҷамъиятӣ, боло рафтани шуури сиёсӣ ва ҳуқуқии инсоният аст, тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Дар баробари пайдоиши ҳуқуқ, ҳамчунин кӯшишҳои дарк кардан ва фаҳмидани ин зуҳурот, моҳияти дохилӣ ва шакли зуҳури берунии он, асосҳои объективӣ, ҷой ва нақши он дар олам, қонунияти пайдоиш ва инкишоф, қоида ва воситаҳои дарк, вобастагӣ ва нақши он дар ҳаёти инсон, тақдири халқҳо ва инсоният низ ба миён омад.

Вобаста ба дарк ва фаҳмидани ҳуқуқ ҳамчун шакли зарурии озодӣ, баробарӣ ва адолат, дар ҳаёти ҷамъиятии одамон фалсафаи ҳуқуқ, назарияи ҳуқуқ, таърихи ҳуқуқ ва соҳаҳои ҳуқуқ арзи ҳастӣ карданд, ки дар маркази он ҳуқуқи фитрӣ ва баъдан ҳуқуқи позитивӣ қарор гирифт. Афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ғоя ва арзишҳо пайдо шуда, рушд ва таҳким ёфтанд, ки онҳо таърихи зиёда аз сеҳазорсола доранд.

Рушди минбаъдаи ҳуқуқи фитрӣ ва позитивиро бе андешаи Эл­лади Протагор, ҳуқуқшинос ва но­тиқи бу­зург, ки ба андешаи ӯ «инсон- ченаки ҳамаи ашё мебошад», ки баъд­тар ҳамин ғоя заминаи устувори  инкишофи давлати ҳуқуқбунёд, консепсияи табиӣ-ҳуқуқии ҳуқуқи инсонро ташкил дода, дар тамоми конс­ти­тут­сияҳои давлатҳои олам, аз ҷумла Конститутсияи мо низ омадааст, дарк кардан мумкин нест.

Ё ҳуқуқшиноси маъруфи давраи Эҳё, нави­сандаи асари «Шаш китоб оид ба давлат» Жан Боден давлатро дастгоҳи ҳокимият арзёбӣ намуда, се аломати он: соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқ, моли­киятро асоснок намуда, дар инкишофи давлат нақши сарватмандони миёнаро махсус таъ­кид мекард.

Ин ва даҳҳо дигар андешаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ баъдан ҳамчун арзишҳо эътироф карда шуда, аз ҷониби мутафаккирони минбаъда низ садо ме­доданд. Онҳо ҷойи худро дар санадҳои ҳуқуқӣ ва бо пайдоиши Конс­ти­тутсия мавқеи худро дар он ёфтанд. Онҳо баъдан назарияи конс­титутсионализмро ташкил доданд.

Ҳамин тариқ, андеша ва ғояи конститутсионализм ва Консти­тут­сия- ин моли ин­соният аст, натиҷаи рушди афкори фалса­фию сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷо­меаи башарӣ мебошад, ки дар пайдоиш, побарҷоӣ ва ра­сидан то ба да­раҷаи назария, консепсия, амалия ва санади навишташуда нақши оли­мону мутафаккирони ҳамаи халқҳои олам, аз ҷумла фар­зандони баруманди миллати мо низ ҳаст.

Вобаста ба чунин санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буданаш, маф­ҳум ва моҳияти калимаи конститутсия дар адабиёти илмӣ бо паҳлӯ ва тобишҳои гуногун рушд кард, ки дар миёни онҳо «санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ ва асоси ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа будани Конститутсия»; «танзимкунандаи асосҳои ташкили давлат ва муносибати давлат ва инсон будани Конститутсия»; «бархурдор будани Конститутсия аз суботу устувории махсус», «тибқи Конститутсия ба хотири таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳдуд кардани ҳокимияти давлатӣ»;  «маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии давлат будани Конститутсия ва ба меъёрҳои он мувофиқат намудани меъёрҳои ҳуқуқии дигар санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ»; «таъминкунандаи суботи сиёсӣ ва тартибу низом дар давлат ва ваҳдати сиёсии халқ будани Конститутсия»ва ғ. нақши муайянкунанда доранд.

Ҳамин тариқ, Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва  миёни санад­ҳои меъёрии ҳуқуқӣ санади олии дорои эъти­­бори ҳуқуқӣ аз талаботи аввалиндараҷаи инсон ба ҳаёт, зиндагӣ, озодӣ, адолати иҷ­тимоӣ, баробарӣ ва дахлнопазир будани ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба май­дони сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид шудааст.

Ин хусусияти Конститутсия аз ин бармеояд:

1) Дар Конститутсия меъёрҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии хусусияти умумӣ, ки барои танзими конститутсионӣ-ҳуқуқӣ аҳамияти авва­лин­дараҷа доранд, муқаррар карда мешаванд. Ҳамаи дигар сарчашмаҳо аз меъёрҳои конститутсионӣ оғоз мешаванд ё бармеоянд, ҷузъиёти онҳо муайян ва танзим карда мешавад.

2) Хусусияти Конститутсия дар мазмуну мундариҷаи васеи меъёр­ҳои он ифода мегардад. Онҳо ба ҳама самтҳо ва соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ таъсир мерасонанд. Бо ин хусусияташ Конститутсия аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки танҳо ба танзими як самти фаъолият алоқамандӣ доранд, фарқ мекунад.

3) Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ки хи­лофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд (Ниг: қисми 1 мод­даи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 15 Конститутсияи Фе­де­ратсияи Россия ва ғ.).

4) Дар Конститутсия намудҳои зиёди сарчашмаҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд. Дар он номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ин ё он самти фаъолияти давлатиро танзим менамоянд, эътибори ҳуқуқии онҳо, тартиби қабули онҳо, бекор кардан ва нашр кардан муқаррар карда мешавад.

5) Аҳамияти Конститутсия ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқ дар он зоҳир мегардад, ки меъёрҳои дар он муқар­раршуда ҳамчун шакли ифодаи иродаи давлатии халқ хизмат менамоянд. Дар Конститутсия он ҳадафҳо, ки ҷомеа дар назди худ мегузорад, принсипи ташкил ва фаъолияти ҳаётӣ муайян карда мешавад.

6) Конститутсия  дар муқоиса бо дигар сарчашмаҳои ҳуқуқ на дар сатҳи ҳуқуқӣ санади олӣ ба ҳисоб меравад, балки бо моҳияти ҷамъиятии худ санади дорои эътибори олӣ мебошад.

Чунонки дида мешавад, Конститутсия то ба дараҷаи соҳиб шудан ба унвони қонуни асосии давлат эволютсияи дуру дарози таърихиро аз сар гузаронида, амалан синтези афкори пешқадами фалсафию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя  аз таҷриба ва арзишҳои вуҷуддоштаи давлату давлатдорӣ, анъ­анаҳои қабул кардани конститутсияҳо, раванди конститутсионализм ва таҷрибаи 70-солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (консти­тут­сияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 консти­тутсияи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоии худро  қабул ва эълон намуд.

Қабули Конститутсияи соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи саъю кӯшиш ва талошҳои роҳбарияти давлати тозабунёд ҷиҳати дарёфти роҳи инкишофи миллӣ ва давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери суол қарор дода буд, рост омад.

Чунонки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ 3 ноябри соли 2010 зикр намуданд: «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрван­дӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ… нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда,… орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».

Пешвои миллат муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва таърихии Конститутсияро чун ҳуҷ­ҷати тақдирсози миллат ба хубӣ дарк карда, онро сарчашма ва бақои давлату миллат арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, 23 апрели соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­­кистон бори дигар таъкид на­муданд, ки «Конститутсия барои аз байн  бурдани хатаре, ки ба истиқ­лолияти  давлатӣ  таҳдид   мекард, шароити  зарурии  ҳуқуқӣ муҳайё кар­­да, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз па­­рокандагӣ  раҳоӣ  бахшидани   миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати  ра­сидан ба ваҳдати  миллӣ  таҳкурсии   устувор  гардид ва дар он мар­ҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории  тоҷикон  нақши  тақ­дирсозу  ҳалкунанда  бозид».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дебо­чаи худ халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эъ­лон намуда, масъулияти таърихии онро дар назди наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда муайян намуд. Мақсади таърихии худро дар баробари таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, му­­қаддас до­нис­тани озодӣ ва ҳуқуқи ҳар шахс, таъмин ва кафолати баробарӣ ва дӯстии тамоми хадқу миллатҳо, инчунин аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар арзёбӣ намуд.

Мусаллам аст, ки мақсадҳои дар назди худ гузошташударо бе ду­руст ва амиқ муайян намудани асосҳои сохтори давлатӣ, ки он дар худ ху­сусиятҳои сиёсию ҳуқуқии давлат, моҳияти иҷтимоӣ, омилҳои таъ­ри­хиву фарҳангӣ, рукнҳо, унсурҳо ва рамзҳои давлатӣ, мавқеи инсон ва шаҳрванд дар давлат ва ҷомеа, нақши созандаи халқ ва дигар омилҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ ва этникиро дар бар мегирад, тасаввур кар­дан мумкин нест.

Ҳамин аст, ки бо такя бо таҷрибаи ҷаҳонии қабули консти­тутсияҳо ва конститутсионализми ҷаҳонӣ, таҳиягарони Конститутсия ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ матнеро рӯи кор овар­данд, ки он ифодагари орзуву омоли халқу миллати тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, таъриху фарҳанги волои давлатдорӣ ва давлатсозӣ буда, аз бузургтарин арзишҳои умумиэътирофшудаи ҷаҳонӣ ва миллӣ сарчашма мегирад.

Дар он дар баробари асосҳои сохтори конститутсионии мукам­мал, инчунин фаъолияти муназзам ва ба ҳаёти давлату ҷомеа ва дав­латдорӣ мувофиқ вазифа ва салоҳиятҳои мақомоти олии мамлакат, аз қабили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳоки­ми­яти судӣ ва прокуратура муайян гардиданд, ки таҷрибаи 28-солаи дав­лат­дорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, дурустӣ ва муҳим будани муқаррароти конститутсиониро баръало собит сохт.

Ҳамин аст, ки дар мамлакат дар муддати кӯтоҳ дар натиҷаи таш­кили дурусти фаъолияти мақомоти олии давлатӣ ва маҳаллӣ, душ­во­риҳо, нофаҳмиҳо ва оқибатҳои онҳо паси сар гардида, давлат ба шоҳроҳи бу­зурги созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошт.

Соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида шу­­дани қисми даромади буҷети давлатӣ, ки афзоиши он нисбат ба  соли 2010 қа­риб 4 баробарро (6,5 миллиард сомонӣ) ташкил медиҳад ва дар ин замина ба 43,7 фоиз расидани ҳис­саи хароҷоти соҳа­ҳои иҷтимоӣ, дар сат­ҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардидани рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2018, то 25 фоиз дар се соли охир кам гардидани шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 11 фоиз зиёд шудани даромади пулии аҳолӣ, 9 фоиз афзудани ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии ҷумҳурӣ, то ба 29,5 фоиз коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ шаҳодати рушди  бемай­лони соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва татбиқи муқаррароти Конс­титутсияи мамлакат оид ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва иҷ­ти­моӣ мебошад.

Ба сиёсати хориҷии давлат дахл карда, зикр кардан зарур, ки на­хустин санаде, ки дар он мазмуну муҳтавои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида буд, ин Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар банди 1 Эъломия Истиқлолияти давлатии РСС То­ҷи­кистон дар баробари дигар омилҳо бо соҳибихтиёрии давлат дар муно­си­батҳои хориҷӣ ифодаи худро ёфтааст.

Дар дигар бандҳои Эъломия масъалаҳои вобаста ба пеш­бурди сиёсати хориҷӣ алоқаманд низ пешбинӣ шудаанд. Мутаассифона, дар ин Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз шоми­ли давлати Иттиҳоди шӯравӣ буда, истиқлолияти комил на­дошт.

Дар Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии То­ҷи­кистон аз 9 сентябри соли 1991, Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сенябри со­ли 1991, «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъ­­ломияи Истиқ­ло­лияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон», Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 9 сентябри со­ли 1991, «Дар бораи эълон шудани Истиқ­лолияти давлатии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон» сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон низ мавқеи худро аз нигоҳи давлати соҳибихтиёри Ҷум­ҳурии Тоҷикистон дарёфт.

Бо қабули Конститутсияи мамлакат, ки он 6 ноябри соли 1994 бо­ри нахуст дар мамлакат тариқи раъйпурсии умумихалқӣ  сурат ги­рифт, дар баробари тан­зими масъалаҳои вобаста ба сиё­сати дохилӣ, инчунин ба тан­зими конститутсионӣ-ҳуқуқии сиёсати хо­риҷии давлат низ аҳа­мияти  зарурӣ дода шуда, Конститутсия  сарчашмаи  пешбурди сиё­сати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Татбиқи муқаррароти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба амал ба­ро­вардани сиёсати баркашидаи хориҷӣ, ки он бо номи «Дар­ҳои кушода» эътироф мешавад, ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ ноил гардид.

Сиёсати дохилии  давлат, агар самти фаъолияти мақомоти иҷ­ро­ияи онро дар дохили ҷомеаи аз тарафи онҳо идорашаванда муайян на­мояд, пас, сиёсати хориҷии давлат самти фаъолияти мақомоти иҷроияи онро дар муносибат бо дигар давлатҳо муайян менамояд. Сиёсати хориҷӣ бо таъсири худ қодир аст дигар давлатҳоро ба ҳамкорӣ моил намояд. Дар натиҷа сиёсати хориҷӣ омили ташаккули сиёсати ҷаҳонӣ ва намуди хоси таъсири сиёсиро ташкил намуда, ба таъмини ҳамзистии халқу миллатҳо ва давлатҳо мусоидат менамояд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 130 давлати ҷаҳон муно­сибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, беш аз 160 давлат истиқлолияти онро эътироф кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои уму­ми­пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба беш аз 350 санади­ байнал­милалӣ, ба мисли муоҳидаҳо, паймонҳо, хартияҳо ва эъломияҳо аъзо шуда, бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 санади дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро танзим менамоянд. Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об  низ дар ҷаҳон назир надоранд. Аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълон шудани соли 2003 Соли бай­налмилалии «Оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», барои солҳои 2005-2015», соли 2013 эълон шудани «Соли байнал­милалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» аз нақши барҷастаи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ва Сарвари он  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ша­ҳодат медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл карда, зикр карданд, ки «дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад. Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд муҳтавои прагматикӣ ва воқеъби­но­на дошта бошад ва ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давла­тии кишвар мусоидат намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро барои омода намудани ак­суламали муносиб дар баробари таҳдид ва хатарҳои замони муосир имконпазир мешуморад».

Татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ бо назардошти амиқ дарк кардани манфиатҳои миллии мамлакат шаҳодати онанд, ки Конститутсия  ҳамчун ҳуҷҷати олию муҳими сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳои беназир раҳнамун месозад. Мо дар партави меъёрҳо ва муқаррароти Конститутсия ба ҳадафҳои конститутсионӣ–бунёди ҷомеаи адо­латпарвар ва давлати иҷтимоӣ мерасем ва ба ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда муҳайё менамоем. Бо фаъолияти созандаю бунёдкорона эътибори миллат ва давлати худро боло мебарем ва барои фарзандони худ давлати ободу зеборо ба мерос мегузорем.

Ноябрь 5, 2019 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ