Машваратҳои байниҳукуматӣ оид ба рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Германия доир шуданд
ДУШАНБЕ, 05.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратҳои байниҳукуматӣ оид ба рушди ҳамкории дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федеративии Германия баргузор гардиданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Раёсати ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Ҷумҳурии Федеративии Германияро референт оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дар Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Германия Клаус Тансбергер роҳбарӣ намуданд.
Гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифта, масоили мубрами ҳамкории дуҷониба ва роҳҳои густариши онҳо барои рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки яке аз натиҷаҳои муваффақонаи гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ-ин ба имзо расидани Созишномаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ дар бораи ҷудо кардани маблағ дар ҳаҷми тахминан 31 миллион евро барои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба мебошад. Аз ҷумла, дар доираи гуфтушунидҳо барои амалисозии Неругоҳи барқи обии «Себзор» Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар ҳаҷми 17 миллион евро маблағҳои грантӣ ҷудо намуд.
Дар доираи машваратҳои байниҳукуматӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо тасдиқ карданд, ки барномаҳои самти асосии ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба паст кардани сатҳи фавти модарону кӯдакон ва мубориза бо бемориҳои сирояткунанда дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ба мувофиқа расида шуд, ки гуфтушунидҳои навбатии байниҳукуматӣ соли 2020 дар Берлин баргузор карда шаванд. Аз натиҷаи машваратҳо санади дуҷониба ба имзо расид.










«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ 57 тафоҳумнома ба маблағи беш аз 6,5 миллиард сомонӣ ба имзо расид
Дар «Помиринвест-2026» иқтидори истеҳсолию саноатии Бадахшон муаррифӣ гардид
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» чор ҳавопаймои Airbus A320neo дастрас менамояд
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ оид ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа доир шуд
«Стратегияи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Дар шаш моҳ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 5 миллиард доллар молу маҳсулот ворид гардидааст
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон 114,3 фоиз иҷро гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкорӣ ва рушди тиҷорати электронии Роҳи абрешим иштирок намуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо шаҳри Чонгчини Чин густариш медиҳад
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба танзими нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ҷаласаи Ситоди доимӣ доир шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамоиши техникӣ баргузор гардид
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони GGGI рушди маблағгузории устуворро баррасӣ намуданд






