Машваратҳои байниҳукуматӣ оид ба рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Германия доир шуданд

Ноябрь 5, 2019 16:08

ДУШАНБЕ, 05.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратҳои байниҳукуматӣ оид ба рушди ҳамкории дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федеративии Германия баргузор гардиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Раёсати ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Ҷумҳурии Федеративии Германияро референт оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дар Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Германия Клаус Тансбергер роҳбарӣ намуданд.

Гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифта, масоили мубрами ҳамкории дуҷониба ва роҳҳои густариши онҳо барои рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки яке аз натиҷаҳои муваффақонаи гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ-ин ба имзо расидани Созишномаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ дар бораи ҷудо кардани маблағ дар ҳаҷми тахминан 31 миллион евро барои татбиқи  лоиҳаҳои дуҷониба мебошад. Аз  ҷумла, дар доираи гуфтушунидҳо барои амалисозии Неругоҳи барқи обии «Себзор» Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар ҳаҷми 17 миллион евро маблағҳои грантӣ ҷудо намуд.

Дар доираи  машваратҳои байниҳукуматӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.  Ҷонибҳо тасдиқ карданд, ки барномаҳои самти асосии ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба паст кардани сатҳи фавти модарону кӯдакон ва мубориза бо бемориҳои сирояткунанда дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ба мувофиқа расида шуд, ки гуфтушунидҳои навбатии байниҳукуматӣ соли 2020 дар Берлин баргузор карда шаванд. Аз  натиҷаи  машваратҳо санади дуҷониба ба имзо расид.

Ноябрь 5, 2019 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»