Намоиши «Қорӣ Ишкамба» сазовори ҷоизаи «Беҳтарин инъикоси анъанаҳои театри миллӣ» гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 28 октябр дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Россия 4-умин Фестивали байналмилалии театри намоишҳои шакли хурд баргузор гардид.
Дар фестивал аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова бо намоиши «Қорӣ Ишкамба» иштирок намуда, сазовори ҷоизаи «Беҳтарин инъикоси анъанаҳои театри миллӣ» гардид.
Дар фестивал аҳли театр бо роҳбарии директори он Ғайрат Қодирзода иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки ин намоишро коргардони маъруфи ҷавон Муҳиддин Музаффар аз рӯи асари сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ таҳия намудааст.
Фестивали мазкур бо сарпарастии ЮНЕСКО баргузор шуда, дар чор рӯз 11 намоиш пешкаши ҳакамон гардид.
Дар радифи театри Тоҷикистон гурӯҳҳои театрӣ аз Франсия, Ҳиндустон ва минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши «Қорӣ Ишкамба» дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ обрӯи театри тоҷикро баланд бардоштааст.
Он ҳамчунин дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «ПАРАСТУ – 2019», ки моҳи апрели соли равон баргузор гардида буд, ҷои аввалро ба даст овард.








Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад






