«Ноҳияи Ҳамадонӣ. Аз бетаваҷҷуҳӣ беморхонаи «Даштигуло» лонаи парандагон гаштааст», «Шаҳринав. «Терминал»-и нав дар роҳи кӯҳна»,-шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.
Ин ҳафта хабару гузоришҳо аз ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шурӯъ аз соли 2016 ҳамасола дар мамлакат 16 ноябр таҷлил карда мешавад, дар сархати расонаҳои даврии ҷумҳурӣ қарор дошт.
Бахшида ба ин рӯз дар шумораи навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (19.11.2019, №217) мақолаи раиси ноҳияи Мастчоҳи Вилояти Суғд Ғайрат Азиззода,
таҳти сарлавҳаи «Маҳбуби Ватан» ба нашр расидааст. Раиси ноҳияи Мастчоҳ дар ин матлабаш, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Шоистаи ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор маротиба — солҳои 1996, 2007, 2011 ва 2016 ба ноҳияи Мастчоҳ сафарҳои корӣ анҷом дода, ба заҳмату фидокориҳои мардуми он баҳои баланд доданд. Ба андешаи Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мардуми шарафманди ноҳияи Мастчоҳ бо иродаву матонат, фарҳанги ободонии хосса тавонистанд, ки мушкилоти мавҷударо паси сар намуда, дар муҳлати кӯтоҳ даштҳои ташналаби Дилварзинро ба гулистони сарсабзу хуррам ва диёри ободу ороста табдил диҳанд. Бо илҳому сарфарозӣ аз чунин арҷгузорӣ ва баҳои баланди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳия аҳлона заҳмат кашида, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми нерую ғайрати худро равона карда истодаанд. Нақшаи мукаммали созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия ба истиқболи ин ҷашни муқаддаси таърихӣ тасдиқ гардида, дар асоси он бунёд, таъмир ва навсозии 535 иншоот бо маблағи умумии 477 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар ин замина давоми соли 2018 79 иншоот ва даҳ моҳи соли 2019 133 иншоот ба маблағи зиёда аз 66 миллион сомонӣ ба истифода дода шудаанд»,- изҳор намудааст Ғайрат Азиззода.
Дар шумораи навбатии нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум» (№139 аз 19.11.2019) дар баробари хабару гузоришҳои расмӣ, мақолаҳои таҳлилӣ таҳти сарлавҳаҳои «Нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ нархро танзим мекунаду талафотро аз байн мебарад», «Раъно Ҳошимзода: «Бо раҳнамоии Пешвои миллат ба дастовардҳои бештар ноил мегардем», «Дӯстие, ки реша дар қаъри асрҳо дорад», «Чаро масъулини ломбардҳо «шоҳу табъашон вазир аст?», «Ноҳияи Ҳамадонӣ. Аз бетаваҷҷуҳӣ беморхонаи «Даштигуло» лонаи парандагон гаштааст», «Шаҳринав. «Терминал»-и нав дар роҳи кӯҳна», «Хатлон. Нақшаи андоз чаро иҷро намешавад?», «Вахш. Бунёдкорӣ мароми тоза пайдо кардааст», «Ҳоли табоҳи «Гулгашти Восеъ», «Чаро муштариён ба бонкҳои хурд рӯ меоранд?», «Агар ба ҷойи худ нанишинем…», «Мулоқот бо Пешвои миллат моро рӯҳбаланд ва масъулиятамонро дучанд намуд», «Костагии ахлоқ пайомадҳои ногувор ба бор меорад», «Дар ДМТ Муҳаммад Иқболро ёд карданд» пешниҳоди хонандагони рӯзнома гардидааст.
«Ноҳияи Ҳамадонӣ. Аз бетаваҷҷуҳӣ беморхонаи «Даштигуло» лонаи парандагон гаштааст»- зери ин сарлавҳа вокуниши мудири шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб С. Ғаюров доир ба як мақолаи танқидии рӯзномаи «Садои мардум» рӯи чоп омадааст.
Номбурда иттилоъ додааст, ки мақолаи мазкур 24 августи соли 2019 дар ҷаласаи кории раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулин супориш гирифтанд, ки оид ба таъмиру таҷдид намудан ва мувофиқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти беморхонаи деҳоти «Даштигуло» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
«Тибқи қарорҳои ҷаласа 9 октябри соли 2019 бо фармони раиси ноҳия сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҷӯрахон Маликшоев аз вазифа озод ва ба вазифаи сардухтури беморхонаи деҳоти «Даштигуло» таъйин карда шуд.
Файзалӣ Мирзоев, ки ба ҳайси сардухтури беморхонаи деҳоти «Даштигуло» кор мекард, аз вазифа озод гардид. Бояд гуфт, ки бо дастгирии раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Б. Одиназода дар асоси супориши бевоситаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъмири беморхонаи деҳоти «Даштигуло» аз ҳисоби буҷети ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ оғоз ёфта, айни замон идома дорад»,- омадааст дар ин вокуниш.
Дар шумораи навбатии нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» (20 .11.2019, №48) доир ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра мавод рӯи чоп омадаанд. Аз ҷумла, хабару гузоришҳо таҳти сарлавҳаҳои «Заседание совета безопасности Республики Таджикистан», «Глава государства принял Хамида Карзая», «Лидер нации провел телефонный разговор с Президентом Кыргызской Республики» ва ҳоказо.
Ҳамзамон дар ин шумора Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯи чоп омадааст.
«Национальный флаг – символ независимого Таджикистана» — чунин ном дорад маводе, ки ба Рӯзи Парчами давлатӣ бахшида шудааст.
Маводи дигари рӯзнома ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, зери сарлавҳаи «Шамсиддин Орумбекзода «Крепкой останется дружба между нашими странами» нашр гардидааст.
Инчунин дар ин шумора хабару маводи ҷолиб ба хонандагон пешкаш гардидаанд, аз ҷумла «Успешный визит Президента Республики Таджикистан в страны Евросоюза», «В Душанбе прошел Таджикиско – Российский молодежный форум», «За многими событиями теряется основная суть происходящего», «Неправильное питание – путь к диабету» ва дигарҳо.
Дар шумораи навбатии Нашрияи КИ ҲХДТ «Минбари халқ» (№47 аз 20.11.19) дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ таҳти сарлавҳаҳои зерин матолиби ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагон гардидаанд: «Аз Хуҷанд то Роғун», «Суғд: сафи аъзои ҲХДТ ба 144172 нафар расид», «Ҳар чи дидем, зебо буд» «Дидор бо сарбозон дар шаҳри Роғун», «Пораи ҷисму ҷони мо», «Парчам- рамзи сарҷаъмӣ, нумӯ ва сарбаландӣ», «Оини Роҳбарӣ. Дар ҳошияи таҷлили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Партаве аз тулӯи ҳақиқат», «Ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллӣ», «Илмат ба амал чу ёр гардад…», «Забон-ҷузъи фарҳанги миллӣ», «Шикор манъ аст!», «Фаъолияти сусти Шӯро ва иттиҳодияҳои методӣ», «Эрон: бензин боиси эътирозҳо шуд», «Дастгирии занбӯрпарварон», «Паланги барфӣ — ҳайвони нодири кураи замин», «Ғизои солим» ва ғайраҳо.
Дар саҳифаи аввали шумораи нави нашрияи «Мароми пойтахт» (№47 аз 20.11.2019) акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми бӯсидани Парчами Тоҷикистон, ки ифодакунандаи ормонҳои мардуми Тоҷикистон аст, инъикос ёфтааст. Дар ин саҳифа таҳти сарлавҳаи «Парчами давлатӣ- ифодакунандаи ормонҳои мардуми Тоҷикистон» аз суханрониҳои Пешвои миллат иқтибос оварда шудааст.
Аз ҷумла, дар ин иқтибосҳо чунин гуфта шудааст: «Барои хурду калони Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтар аз ҳама он аст, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрошта мешавад».
Дар саҳифаи хабарҳои ҳизбӣ гузоришҳо таҳти рубрикаҳои «Нақши ҲХДТ дар масри давлатдории навини тоҷикон», «Президенти ман-ифтихори ман», «Тақвияти ҳамкории дуҷониба» пешниҳоди хонандагон гардидаанд.
«Душанбе аз нигоҳи озариҳо»- таҳти ин ном сафардидаи хабарнигори ин нашрия Абдувалӣ Нодиров ба нашр расидааст, ки дар он аз ҷараёни сафараш ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон қисса мекунад. Муаллифи мақола ҳамчунин фикру мулоҳизаҳои озариҳоро дар бораи зебогию табиати нотакрор доштани пойтахти тоҷикон — шаҳри Душанбе иброз намудааст.
Ҳамзамон дар шумораи нави нашрияи «Мароми пойтахт» хонандагон метавонанд матлабҳои дигари ҷолибу хонданбобро мутолиа намуда, ғизои маънавӣ бардоранд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар