Ҷамолиддин Нуралиев намояндагони «Moody’s Investors Service»-ро даъват намуд, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои воқеӣ хулоса бароранд

Ноябрь 14, 2019 09:34

ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи раванди интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ноиби калони муовини Президенти Гурӯҳи   баҳодиҳии хавфҳои кишварҳои соҳибихтиёри Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» Кристиан де Гузман ва Мудири иҷроияи Агентии мазкур Жин Фенг мулоқот анҷом дод. Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мулоқот бо мақсади муайян намудани рейтинги кредитӣ дар Тоҷикистон ва шиносоӣ бо вазъи низоми бонкии мамлакат аз рӯи нишондиҳандаҳои соли равон доир гардид.

Ҷамолиддин Нуралиев оид ба вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ, амалигардонии сиёсати монетарӣ ва нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, самтҳои гуногуни рушд дар бахши молияи давлатӣ, имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ ба мамлакат сухан карда,  гуфт ки новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ Тоҷикистон тавонист тайи солҳои охир устувории макроиқтисодӣ — асоси рушди босуботи иқтисодии ҷумҳуриро таъмин намояд. Мавсуф аз беҳтар гардидани вазъи низоми бонкӣ, аз ҷумла таъмини даромаднокӣ ва беҳтар гардидани сандуқи қарзӣ, коҳиш ёфтани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол ва зиёд шудани ҷалби пасандозҳо ёдовар шуда, зикр кард, ки ин аз эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ дарак медиҳад.

Кристиан де Гузман ва Жин Фенг оид ба методологияи гузаронидани баҳодиҳӣ ва омилҳои асосии муайянкунии рейтинг, аз ҷумла аз рӯи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, уҳдадориҳои давлатӣ, сиёсати монетарию фискалӣ, татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум, ҷой доштани хавфҳои эҳтимолӣ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт сухан карданд. Коршиносони Агентии рейтингии байналмилалии  «Moody’s Investors Service» зикр намуданд, ки аз рӯи методологияи нав дурнамо барои 12 моҳ пешниҳод карда мешавад ва он дар асоси нишондиҳандаҳои ироанамудаи ҷониби Тоҷикистон омода мегардад.

Дар идомаи вохӯрӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ доир ба суботи молиявӣ, вазъи нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ, идомаи татбиқи ислоҳот дар он, афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба иқтисодиёт ва инчунин оид ба гардиши савдои хориҷӣ ва нишондиҳандаҳои алоҳидаи тавозуни пардохт маълумот манзур намуданд.

Ҷамолиддин Нуралиев таъкид намуд, ки натиҷаи баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз талаботи асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя маҳсуб ёфта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилоти молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад. Аз ин рӯ, дар раванди таҳияи рейтинги навбатӣ бояд хусусиятҳои хоси минтақа ва кишвар, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва саҳми бахшҳои иқтисодиёт дар он, беҳтар гардидани сатҳи даромаднокии низоми бонкӣ, таҳким ва рушди идоракунии захираҳои байналмилалии ҷумҳурӣ, ислоҳоти гузаронидашуда ва дигар нишондиҳандаҳои муҳим ба инобат гирифта шаванд. Ҳамчунин Ҷамолиддин Нуралиев аз намояндагони Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» даъват ба амал овард, ки дар ҷараёни баҳогузорӣ касбияти хешро ба кор бурда, аз рӯйи нишондиҳандаҳои воқеӣ хулоса бароранд.

Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» яке аз ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, ба муайян намудани рейтинги қарзии кишварҳои ҷаҳон, таҳқиқот ва таҳлили хавфҳои онҳо машғул аст.

 

Ноябрь 14, 2019 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд