ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Ноябрь 11, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа сард   ва рӯзона 3+8 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19 дараҷа  хунук ва рӯзона  0-5  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри  бебориш мешавад.  Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7  дараҷа хунук ва   рӯзона    6+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6  ва рӯзона 14+19  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5  ва рӯзона  8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи  бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 0+2  ва  рӯзона  16+18 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 11, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад