ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Ноябрь 29, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 29.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳавои тағйирёбанда дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи   бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва  рӯзона   аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 17-22, дар баъзе ноҳияҳо то 26-28 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 3-8 то 7-12 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти  шарқ босуръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук  ва   рӯзона    1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6  дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3  дараҷа гарм ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук шуда, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман  мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук  ва  рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 29, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?