Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бахшида ба Рӯзи Президент ҷамъбаст мегардад

Ноябрь 16, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 16.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 ноябр бахшида ба Рӯзи Президент дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷамъбаст мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баъди  маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ  барномаи консерти бошукӯҳ бо иштироки беҳтарин ҳунармандон баргузор мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор гардид.

Озмун аз се давр иборат буда, дар даври якум  дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳо 2959 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумораи иштирокчиёни даври аввал 705 нафар ба даври дуюм, яъне даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Баъди санҷиши ҳунари иштирокчиён дар даври дуюм ҳайати ҳакамон ба 65 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат ва тавсия доданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойи якум — 30 000 сомонӣ, ҷойи дуюм — 20 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим мегардад.

Ноябрь 16, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд