Президент — кафили истиқлолияти миллӣ
ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии оқилона ва хирдмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи баландро касб намудааст ва Тоҷикистонро беш аз 160 давлати ҷаҳон расман шинохтаанд ва бо мо муносибатҳои дипломатӣ ва тиҷоратӣ доранд. Ин нукта дар маҷлиси тантанавие, ки имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президент дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар суханронияш бо ёдоварӣ аз нақши бузурги Президенти мамлакат дар рушди давлатдорӣ гуфт, ки тибқи талаботи моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия мебошад». Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мурратибии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Дар маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маърӯзаҳои худ зикр карданд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу субот, оромӣ, эҳё ва рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани обрӯю эътибори нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хеле бузург аст. Хусусан ташаббусҳои беназири Тоҷикистон дар масоили об чор маротиба дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ маҳз бо ибтикори Сардори давлат дастгирӣ ёфтанд. Ташаббуси чоруми Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, аз моҳи марти соли 2018 расман амалӣ шуда истодааст.
Гуфта шуд, ки мояи ифтихор аст, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз Истиқлолияти давлатӣ таҳким ёфта, дар ҷумҳурӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳифз гардида, волоияти қонун ва суботу оромӣ таъмин аст.








Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд






