Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 22, 2019 13:05

ДУШАНБЕ, 22.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамовардашуда шинос гардида, бо ҳайати шахсии дастаи мазкур суҳбат намуданд.

Иншооти навбунёд бо дарназардошти талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, дар он утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо, хобгоҳҳо ва синфхонаҳои таълимӣ ҷой дода шудаанд. Дар дохили бино мутобиқ ба талаботи муосир ва меъёрҳои хизматӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, қисми навбатдории даста бо дастгоҳҳои муосири мухобиротиву хатҳои махсуси алоқа таъмин мебошад. Утоқҳои кории кормандон бо мизу курсӣ ва дигар дастгоҳҳои корӣ таъмин буда, барои навбатдории шабонарӯзӣ утоқҳои алоҳида пешбинӣ гардидаанд.

Зимни шиносоӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар дастаи махсус таваҷҷуҳи хосса ба обутоби бадан ва тамринҳои варзишӣ зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, дар дохили иншоот толори барҳавои варзишӣ бунёд ёфтааст, ки он бо воситаҳои муосири соҳавӣ таъмин мебошад ва хизматчиёни ин ниҳод метавонанд аз толори мазкур истифода бурда, ба тамрини бадан машғул шаванд. Ҳамчунин як толори барҳавои фарҳангӣ бо 100 ҷойи нишаст барои гузаронидани вохӯриву чорабиниҳо бунёд ёфтааст. Дар дохили бинои мазкур толори хурди дигар мавҷуд аст, ки барои ҷаласаҳои фаврӣ ва вохӯриву суҳбатҳо пешбинӣ гардидааст.

Ғайр аз утоқҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, бинои навбунёди Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дорои синфхонаҳои алоҳидаи таълимӣ буда,  он бо аёнияти зарурии соҳавӣ, ки барои бозомӯзӣ пешбинӣ гардидаанд,  таъмин мебошад. Аз ҷумла, дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу воситаҳои алоқа, сару либоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудаанд. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни ин даста, дар дохили иншооти мазкур хобгоҳҳои замонавӣ бунёд ёфта, бо катҳои бароҳату замонавии хоб, рахти хоб ва мизу курсӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин утоқҳои алоҳида барои нигоҳдории  сару либос бунёд ёфта, кормандони даста дар фурсатҳои холӣ метавонанд аз хизматрасонии китобхона истифода баранд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ду ошхонаи замонавӣ бо муосиртарин шароит сохта шуда, яке аз онҳо дар фазои кушод дар фасли тобистон хизмат мерасонад. Хизматчиён дар ин ошхонаҳо бо хӯроки гарму серғизо таъмин буда, дар анборҳои нигоҳдории молу маҳсулоти Дастаи махсуси зудамал ба қадри кофӣ маводи ғизоӣ захира карда шудааст. Ҳамчунин дар анборҳо сару либос  ва дигар муҳимот мувофиқ ба оинномаи хизматӣ захира гардидаанд.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хосса ба ободонии атроф низ зоҳир гардида, дар саҳни иншоот майдони сафороӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтааст. Барои нигоҳдории сагҳои хизматӣ гӯшаи алоҳида ташкил гардида, атрофи бино бо гулу буттаҳои мавсимиву ҳамешасабз оро дода шудааст. Ҳамчунин бино дорои як майдони муосири варзишӣ мебошад, ки дар он дар баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамчунин имкони бо тамрини ҳаррӯза фаро гирифтани хизматчиёни даста мавҷуд аст.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Ҳамчунин дар саҳни иншоот Пешвои муаззами миллат аз намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуд. Иттилоъ дода шуд, ки парки техникии дастаи мазкур аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ иборат буда, дар тамоми вазъият имконияти корбариро доранд.

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор адад нақлиёти корӣ тақдим карда шуд, ки барои фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод кумаки амалӣ мекунад.

Ифтитоҳи бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.11.2019

Ноябрь 22, 2019 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд