Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 28.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Тошканд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои равобити ҳамкориро дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб судманди тиҷорату иқтисод, нақлиёт, фарҳангию гуманитарӣ ва маориф баррасӣ намуданд
Аз сатҳи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва робитаҳои байниминтақавӣ, бахусус миёни пойтахтҳои ду кишвар, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки афзоиши минбаъдаи ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори ҷонибҳо мусоидат хоҳад кард. Дар ин зимн татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти сармоягузорӣ ва саноати истеҳсолӣ низ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.









Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






