Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 12.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои иштирокчиро Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон истиқбол гирифт.
Мавриди зикр аст, ки Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ — иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Он ҳамчун платформаи ҷаҳонии муҳокимарониҳои сатҳи баланд тариқи пешбурди муколамаи мустақим миёни шахсони расмӣ ва намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ доир гардид.
Иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки иншооти мероси умумиҷаҳонӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳо табодули андеша карданд.
Дар форуми навбатии Париж оид ба масъалаҳои сулҳ беш аз 30 роҳбари давлату ҳукуматҳо аз кишварҳои Аврупову Амрико ва Осиёву Африка, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои дунё иштирок карданд.
Дар доираи ин форум ҳамасола лоиҳаҳо ва консепсияву ташаббусҳо муаррифӣ хоҳанд шуд, ки ба таъмини мусоидати мушаххас ба ҳамкории густурдаи байналмилалӣ оид ба масоили глобалӣ, рушди ҷаҳонишавии одилона ва низоми муассиртари бисёрҷониба нигаронида шудаанд.
Дар кори Форуми имсолаи Париж дар соҳаҳои гуногун 6 бахши мавзӯии сулҳ ва амният, муҳити зист, рушд, технологияҳои нав, иқтисоди инклюзивӣ, фарҳанг ва маорифро дар бар гирифта, 150 лоиҳаи пешниҳодшуда баррасӣ мегарданд.
Дар доираи кори Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Форуми сулҳи Париж, Директори фахрии пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии “Аврупои мо” ҷаноби Паскал Ламӣ, Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон, Президенти Кипр Никос Анастасиадес, Президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн мулоқот карданд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаҳои гуногуни барои ҷонибҳо манфиатовар, муносибатҳои ҳамкории дуҷониба ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






