Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Конфедератсияи умумиҷаҳонии варзиши миллӣ Наҷмиддин Билол Эрдуғон мулоқот намуд

Ноябрь 28, 2019 18:12

ДУШАНБЕ, 28.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Туркия таҳти сарварии Раиси Конфедератсияи умумиҷаҳонии варзиши миллӣ Наҷмиддин Билол Эрдуғон, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи тарафайн мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Маҳаки асосии музокиротро масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Конфедератсияи умумиҷаҳонии варзиши миллӣ ташкил дод.

Тазаккур дода шуд, ки ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сохторҳои Ҳукумати Туркия торафт густаришу тақвият меёбад ва имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 ширкати маъруфи Туркия намояндагиҳои худро ифтитоҳ намудаанд.

Ба ин ҳамкорӣ, робитаҳои бародаршаҳрӣ байни пойтахтҳои ду кишвар — шаҳрҳои Душанбе ва Анқара, ки аз 11 декабри соли 2003 сарчашма мегиранд, бо мазмуну мундариҷаи нав такони ҷиддӣ мебахшанд.

Яке аз самтҳои ҳамкории байни ду кишварро робитаҳои варзишӣ ташкил медиҳанд.

Тазаккур дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзиш фаъолона рушд меёбад.

Дар баробари намудҳои анъанавӣ — футбол, гӯштин, волейбол, камонварӣ, гурзпартоӣ, таэквандо, бокс, инчунин намудҳои варзиши миллӣ, аз қабили аспдавонӣ, гӯштингирӣ, чавгонбозӣ ва ғайра хеле маъмул мебошанд ва ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мусобиқаҳои зиёди аспдавонӣ, гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ ва ғайра гузаронида мешавад.

Барои ташаккул ва оммавигардонии варзиши миллӣ дар Тоҷикистон Кумитаи ташкилии гузаронидани Бозиҳои миллӣ таъсис дода шудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

Ноябрь 28, 2019 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад