Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Муғулистон эътимоднома супорид

Ноябрь 8, 2019 14:22

ДУШАНБЕ, 08.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар шаҳри Улан – Батор Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон Хайрулло Ибодзода эътимодномаи хуро ба Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбати кӯтоҳ Сафири Тоҷикистон паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Муғулистон расонид.

Х. Баттулга эҳтироми худро ба Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор намуда, таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷабҳаи ду давлатро муҳим арзёбӣ намуд.

АКС ВКХ ҶТ

Ноябрь 8, 2019 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид