Санъати театрӣ метавонад таъриху тамаддуни миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд

Ноябрь 7, 2019 19:07

ДУШАНБЕ, 7.11.2019./АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр намоиши «Гирдбоди Айнӣ» дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» ба ҳамоиши  бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи театри тоҷик ҳусни оғоз бахшид.  Намоиши мазкурро ҳунарпешагони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури бинандагон гардониданд.

Мавриди зикр аст, ки саҳнаи театр бо намоишҳои зиёде, ки тӯли солҳо ба саҳна гузошта шуда буданд ва расмҳои калони ҳунармандоне, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, оро ёфта буд.

Зимни ҳамоиши идона зикр шуд, ки Рӯзи театри тоҷик ба таъсиси Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ иртибот дорад, зеро театри мазкур 7 ноябри соли 1929 таъсис ёфтааст.

Дар ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошозода, аҳли зиё, собиқадорону ҳунармандони театрҳои ҷумҳурӣ, устодону донишҷӯён ва дӯстдорони санъату фарҳанги мамлакат иштирок намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳунармандони мамлакатро ба муносибати Рӯзи театри тоҷик самимона шодбош гуфта, зикр кард, ки миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз низ‚ пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. “Фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ‚ ҳисси миллии мардум‚ махсусан ҷавонон нақши муҳим бозида‚ дар ташаккули маънавиёти ҷомеа‚ ватанпарастиву расидан ба қадри неъмати бебаҳо – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъсири амиқ мерасонад”,-зикр намуд Вазир.

Вай илова намуд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон театри тоҷик марҳилаи тоза касб карда, дар интихоби барнома, таҳияи асарҳои гуногунжанри дорои арзишҳои баланди бадеӣ озоду соҳибҳуқуқ гардида, ба майдони хеле васеи тарғиби суннату арзишҳои миллӣ табдил ёфтааст. Умедворем‚ ки минбаъд ҳам аҳли ҳунари театр дар тарғибу ташвиқи арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик ва дастовардҳои даврони истиқлолияти мамлакат саҳми муносиб мегузоранд,-иброз намуд Шамсиддин Орумбекзода.

Маврид ба зикр аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “санъати театрӣ метавонад таъриху тамаддун, арзишҳои миллӣ ва ҳаёти муосирони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд”.

Муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошозода ҳозиринро ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфта, иброз дошт, ки “театри тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ барои тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва ғановати фарҳангии мамлакат хидматҳои пурарзиш кардааст. Дар ин давра театр марҳилаҳои мухталифу таҳаввулоти зиёди эҷодиро аз сар гузаронида, чандин насли ҳунармандонро дар оғўши худ ба камол расонидааст”.

Сардори маркази матбуоти  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷон Эмомалӣ ба табрики ҳунарпешагону собиқадорони театри тоҷик омада, аз номи Вазири корҳои дохилӣ ба онҳо туҳфаҳои арзишнок супорид.

Дар ҳамоиши мазкур  ҳунарпешагон аз театрҳои ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи театри тоҷик сухан гуфта,  хотироти хешро нақл карданд. Инчунин  аз намоишҳои беҳтарин порчаҳо нишон дода шуданд.

Ҳофизони шинохтаи ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Дар охири  ҳамоиш ҳунарпешагону кормандони театрҳои ҷумҳурӣ  бо мукофот ва унвони “Аълочии фарҳанг”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 7, 2019 19:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид