Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода мебошанд
РАШТ, 13.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо корҳои омодагӣ баҳри бе мушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар ҳамаи корхонаю ташкилот ва муассисаҳои минтақаи Рашт идома доранд.
Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт то имрӯз тамоми иншооти барқиро аз таъмири асосӣ бароварда, миқдори муайяни таҷҳизоти заруриро захира кардаанд. Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт дар панҷ ноҳия 7 адад трансформатори пурборро ба трансформаторҳои иқтидорашон баланд иваз намуданд. Инчунин 50 адад симчӯбҳои корношоям ва 3 тонна ноқилҳои ҲИБ 10-0,4 кВ-ро ивазу таъмир намуда, зеристгоҳ ва иншооти барқии дар тавозунашон бударо таъмир намудаанд.
Ба хотири бомуваффақият паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 мутахассисони шабакаҳои барқи минтақа дар 6 адад неругоҳҳои барқи обии хурди минтақа, ки иқтидорашон 3,626 МВА мебошад, корҳои таъмирӣ ё профилактикӣ гузарониданд.
Ба гуфти сармуҳандиси Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт Сайёд Гулов, онҳо имсол корҳои таъмириро нисбат ба солҳои пешин барвақттар оғоз намуда, бо дастрасӣ ба қисмҳои эҳтиётӣ тавонистанд зеристгоҳҳоро барои фаъолияти мунтазам омода созанд. Ҳамзамон барои ба садама дучор нагардидани хатҳои барк кормандони шабакаҳои барқи панҷ ноҳияи минтақа шохаҳои дарахтони дар самти хатҳои ҳавоии интиқоли барқ бударо дар масофаи байни 8963 адад симчӯб бурида, тоза намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ барои талаф нагардидани неруи барқ ва таъмини барқи хушсифат ба аҳолӣ дар панҷ ноҳияи минтақа дар соли 2019 20 адад трансформатор бо тавоноии 5,6 МВА насб гардид, ки 8 адади он аз ҳисоби аҳолӣ мебошад.
Бино ба иттилои кормандони шабакаҳои барқи минтақа, ҳоло корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистон идома доранд. Дар ин давра навбатдории шабонарӯзӣ ва бригадаҳои иловагӣ ташкил карда шуда, сокинони ноҳияҳо пурра бо барқи доимӣ таъмин мебошанд.










Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






