«SOMON AIR» чархболи «Airbus H125» худро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Байни ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва ширкати «Эйрбас» Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид, ки дар доираи он мо тасмим дорем дар ояндаи наздик парки худро боз бо 5 чархбол ва ҳавопаймоҳои сохти «Airbus» ғанӣ гардонем. Ин нуктаро дар ҷараёни муаррифии чархболи нави «Airbus H125» Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас В. Ҳаллам II, ки имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ ва шарикон доир гардид, баён кард.
Гуфта шуд, ки калиди чархбол 28 октябри соли 2019 дар маросими тантанавӣ дар заводи «Еврокоптер» дар шаҳри Нур-Султон ба роҳбарияти ширкат супорида шуд. H125 дар Қазоқистон васлу насб шуда, аввалин чархболи Airbus Helicopters дар Тоҷикистон мебошад. Васлу насби чархбол муштарак бо ширкати «Еврокоптер Казахстан инжиниринг» амалӣ шуда, татбиқи лоиҳаи мазкур бо маблағгузорӣ ва дастгирии ширкати суғуртаи содиротии «KazakhExport» ва ҶСК «Ориёнбонк», бо иштироки бевоситаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон имконпазир гардидааст. Чархболи H125 дорои амалиётнокии баланд, аёнияти аъло, ларзиши паст дар кабина буда, 5 ҷойи нишасти мусофирон дорад. Модели H125 аз ҳамаи чархболҳои якмуҳаррикаи класси худ бо хусусиятҳои техникӣ, гуногунҷабҳагӣ, сатҳи бехатарӣ ва арзиши дастрас, инчунин аз ҷиҳати кор дар шароити шадид бартарӣ дошта, барои истифода дар баландкӯҳҳо ва иқлими гарм мутобиқ мебошад.
Зикр гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд ва чархболи H125 дар баробари ғанисозии парки ҳавопаймоии ширкат ҳамчунин ба рушди сайёҳӣ ва тиҷорати авиатсионӣ дар дохили мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Алҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.









Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






