Таҷрибаи Россия ва давлатҳои хориҷӣ дар самти баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳо
ДУШАНБЕ, 13.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ дар мавзӯи «Таҷрибаи Россия ва давлатҳои хориҷа дар самти баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳо» семинар баргузор гардид.
Дар оғози семинар муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода сухан карда, мақсади баргузории чунин семинарро ба муаррифии таҷрибаи Россия ва давлатҳои хориҷӣ роҷеъ ба имкониятҳои сармоягузории минтақаҳо вобаста намуд.
Сипас директори Ассотсиатсияи рушди класстерҳо ва технопаркҳои Федератсияи Россия Андрей Шпиленко дар бораи таҷрибаи Россия ва давлатҳои хориҷӣ дар самти баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳо маърӯза кард.
Мавриди зикр аст, ки семинари мазкур дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ ташкил карда шуд.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд






